БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Мухлисону муридон, эътиқодмандони эшони домулло Мирзо ба Нилкон омаданашонро шунида, аз дуру наздик боз ба зиёраташон меомаданд. Аз амри маъруфи эшон баҳравар гашта, дар масҷид аз пасашон намоз мегузоштанд, «эшони домулло Мирзо гуфта мо ба масҷиди Нилкон мебиёем, ба хотири ҳазрати домулло», мегуфтанд. Ҳисоби намозгузорон меафзуд, ҳисоби шогирдонашон ҳам. Ҳарчанд медонистанд, ки таълими дину шариати Ислом гуноҳ ҳисоб меёфт, барои ин «гуноҳашон» гирифтори маҳбас гашта буданд. Дар Бухоро хидмати пирашонро ба ҷо меоварданд. Заҳмат кашиданд. Дуо хостанд аз он кас. Вазифадор шуданд, ки умрашонро сарфи роҳи дину шариати Ислом мекунанд.
Дар дунё аҳли илм зиҳад, ки аз ӯ шогирд монад, шогирд давоми илм, давоми умр, давоми зиндагӣ.
Ҳамон рӯзҳо эшони Абдулмуъмин, эшони Сайиднеъматулло, эшони Муъминхон, эшони Абдуқодир, Эшонҷон, эшони Занбӯр, эшони Аҳмадхон, эшони Аъзамхон, эшони Муллохӯҷа, бародарон эшони Маллаҳхону Туфон, эшони Сироҷхон, эшони Умархон аз деҳаи Нилкон, эшони Санг, мулло Шариф аз Дуоба, мулло Салим аз Меҳтарӣ, мулло Мингитӯра ва мулло Қайнари турк аз Ҳисор, мулло Зубайдулло, мулло Бобохон, мулло Зариф аз Оқчагман, мулло Солеҳу мулло Сайид аз Роҳатӣ, мулло Абдусалом аз деҳаи Оқтоқ аз зумраи шогирдони онрӯзаи эшони домулло Мирзо буданд. Шогирдонашон дар ҳавлии худи эшони домулло Мирзо, дар ҳуҷраҳои масҷид мезистанд. Он рӯзҳо ба беш аз 150 нафар муллобачаҳо дарс мегуфтанд. Инчунин, устод аз шогирдон талаб мекарданд, ки ба корҳои колхоз мадад расонанд. Худашон ҳамроҳи аҳли хонадон – зану фарзандон ҳамеша бо колхозчиён кор мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё