БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Чӣ тавре аз забони Иброҳимбек зикр намуда будем, аз ҳамон замонҳо обрӯ, эътиборашон дар миёни қавми лақай зиёд, мепарастидандашон, «эшони домулло Мирзо пирамон», мегуфтанд.
Эшони домулло Мирзо дар чанд деҳаи лақайнишин рӯз гузаронданд. Аҳли ин деҳаҳо аксарашон назди он кас ҷамъ омада аз эшон сабақ меомӯхтанд, аз дунболашон намоз мегузоштанд, эшони домулло Мирзо пирашону онҳо муридони содиқ. Солҳои сол эшон ҳамроҳашон рӯз гузаронданд. Ҳоло аксари он деҳаҳо мавҷуд намондаанд, барҳам хурда, мардум кайҳо аз онҳо кӯч баста ба шаҳрҳо, ба мавзеъҳое, ки обёрӣ шудаанд, рӯ овардаанд, ҷои манзилҳои пешина, қадамгоҳҳояшон ҳоло чарогоҳ, чордевориҳо, як вақте одамнишин буда ҷои ин чарогоҳҳою чордевориҳо, номи он деҳаҳо аз қабили Кабку, Бедак, Рангонсой дар хаёли куҳансолон монда.
Дар деҳаи Бедак 25-30 буна зиндагӣ доштанд. Деҳае, ки дур аз ободиҳо дар миёни куҳ. Гирду атрофаш ҳама куҳ, сангҳои азими хонамонанд, сангҳо сурхчатоб, ҷигарӣ, тана ба танаи ҳам ё аз ҳам ҷудо ё наздиктар.
Бомҳои аҳли деҳа ба лой андова шуда ё бо хору хасу қамиш пӯшида шуда. Дар яке аз ҳамин кулбаҳои паҳлӯи сангҳои хонамонанд, эшони домулло Мирзо бо аҳли байташон мезистанд, кулбае, ки аҳли деҳа барои он кас ҷудо намуда. Аҳли деҳа ҳама қавми лақай, худоҷӯ, мехостанд нияти намозу рӯзаашонро бесаҳву хато омӯзанд, аз баду нек огоҳ бошанд, бо ҳамин ният ҳар рӯз ба кулбаи фақиронаи эшони домулло Мирзо меомаданд. Онҳо ташнаи маслиҳат, панд ва насиҳатҳои эшони домулло Мирзо, ташнаи омӯзиши дини мубини Ислом. Эшони Иброҳимхон, фарзанди бузургашон Азизхон, эшони Саъдуллохон, эшони Холхӯҷа, Эшонхон, эшони Зиёдуллохон, Толибхон, халифа Равшан, Бердиқул як муаллими самарқандӣ аз деҳаи Кабку ва аз ҳамин деҳа кампири Шарвон аз ҷумлаи толибилмон – шогирдони навашон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё