Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Байти ҳаштум:

Май хўр, ки сад гуноҳ зи ағёр дар ҳиҷоб,
Беҳтар зи тоате, ки ба рўву риё кунанд.

Бода бинўш, ки гуноҳи пинҳонӣ аз он тоате беҳтар аст, ки дар меҳробу минбар такя зада бо рўю риё ба ҷо меоранд. Гуноҳи пинҳонӣ аз бегонагон хубтар аст аз ибодати бе ишқ ва кайфият мебошад.

Байти нуҳум:

Пироҳане, ки ояд аз ў бўйи Юсуфам,
Тарсам, бародарони ғаюраш қабо кунанд.

Байти мазкур ба ишораест ба қиссаи «Юсуф», ки дар Қуръон омадааст. Ҳасодат бародарони ўро водор намуд, ки пироҳани ўро чок-чок ва хунин намуда ба назди падар оран два гуноҳи хешро ба дўши гурги фарзандгумкардае вогузор намоянд.
Маҳсули байт: Тарси ман аз он аст, ки пироҳане, ки аз он бўйи Юсуф меояд, бародарони ҳасудаш чок-чок карда ба назди ман фиристанд.

Байти даҳум:

Бигзар ба кўйи майкада, то зумраи ҳузур,
Авқоти худ зи баҳри ту сарфи дуо кунанд.

Агар хоҳӣ, ки ба банди дард раҳо ёбӣ, ба остонаи майкада қадам неҳ, то сокинони он ҷамъ вақти худро дар дуои ту сарф намоянд.

Байти ёздаҳум:

Пинҳон зи ҳосидон ба худам хон, ки мунъимон
Хайри ниҳон барои ризои Худо кунанд.

Ту агар хайри маро хоҳӣ, дур аз чашми ҳасудон маро ба сўйи худ талаб кун, ки накўкорон бахшоишгари ҳаманд ва корҳои некро барои ризои Худо дар пинҳонӣ анҷом медиҳанд.

Байти дувоздаҳум:

Ҳофиз, давоми васл муяссар намешавад,
Шоҳон кам илтифот ба ҳоли гадо кунанд.

Ҳофиз дар байти охирини ғазали хеш иброз медорад, ки рўзгори висол ва дидор пайваста ва барқарор нест ва монанди илтифоти шоҳон ба гадоён зудгузар аст.
Ғазале, ки дар боло ба ҳадди фаҳмиши худ шарҳ додем, яъне аз ғазалҳои зебои Ҳофиз мебошад.

БА Ў ҶОН ДОДААМ…
Тафсири як ғазали Абулқосим Лоҳутӣ

Байти якум:

пешина
аз 103
навбатӣ