ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Номардумакон айби маро мекобанд,
Ҳар лаҳза басо нуқси маро меёбанд.
Рафтам ману ҷовидон намонанд онон,
Як рўз ба сўи хоки тар биштобанд.
Имрўз маро зи ҷои корам ронданд,
Бар сўи мани хароб даст афшонданд.
Фардо хати онҳо каси дигар хонад,
Ин лаҳза ба шавқ агар хатамро хонданд.
Фирдавсӣ зи Маҳмуд гурезон то кай?
Дар кишвари ғайр дидагирён то кай?
Аз Маҳмуди11 дигар дили ин шоири реш,
Дар зери гили сияҳ парешон то кай?
Аз рафтани умр шоду хандонрўем,
Дар ҳасрати молу пул аҷаб мемўем.
Гумкардаи мо дар ин ҷаҳон бисёр аст,
Аммо чизи гумнакардаро меҷўем.
Дарди дили худ ба сад алам мегўем,
Гирён-гирён ба чашми нам мегўем.
Дар зиндагии мо, ки дами шоде нест,
Бо табъи гирифтае зи ғам мегўем.
Рози дил дар суҷуд мегўям,
Бар Муҳаммад дуруд мегўям.
Гар биборад ба сар тагарги марг,
Шукри буду набуд мегўям.
Иди қурбонат муборак, эй азиз!
Шодият бошад қаторак, эй азиз!
Аз бароят аз Худо созам талаб,
Солу моҳи бешуморак, эй азиз!
Сармояи зиндагӣ ғаму дарди сар аст,
Шодию нишоти одамӣ даргузар аст.
Ночида гулеву ношамида бўе,
Оранд хабар, ки хез, вақти сафар аст.
Оинаи қалби чиниам бе ту шикаст,
Сад тори тани хастаам аз ҳам бигусаст,
Ман мондаму гиряю ғами танҳоӣ,
Гар дасти маро нагирӣ, рафтам аз даст.
Эй ишқ, ғамангезию ман механдам,
Бар куштани ман хезию ман механдам.
11
Ишора ба Маҳмуд Мўсоев, роҳбари тоҷикистонии КМ «Зарафшон».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё