ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Бар гули рўят намеояд хазон,
Бо ҳама пирии худ монӣ ҷавон,
Мерасад бар гўши ҷон ин достон,
«Иззу ҷоҳи рафтаи Сомониён
Бо ҳазорон ифтихор ояд ҳаме».
Меҳри дил шуд ҳодият, эй халқи ман,
Рўзи ҷашни шодият, эй халқи ман,
Хуррам аз ободият, эй халқи ман,
«Бар муборакбодият, эй халқи ман,
Бобаки суғдитабор ояд ҳаме».
ЭЙ САГДАҲАН!
Мухаммас бар ғазали Бобаки Суғдӣ
Арчанд гардӣ доимо дар кўча бовиқор,
Мошину моли ту бувад дар ҳавлиат қатор,
Нодонӣ, дорӣ дар бари худ айби бешумор,
«Эй сагдаҳан, ба мардуми доно туро чи кор?
Аккоси хешро ба даҳонат нигоҳ дор!»
Гўё ба субҳдам ту чун боди сабостӣ,
Ё ахтаре ба қуллаи сақфи самостӣ,
Аз ҳарзаҳои хештан шоду ризостӣ,
«Ангор пеши чашми худат бебаҳостӣ,
Аммо дуруст зодаӣ аз дудмони мор.»
Корат ба даҳр ғайри разолат набуду нест,
Дар мақдами ту ғайри касофат набуду нест,
Дар сўҳбатат ба ғайри ҳақорат набуду нест,
«Дар тинатат ба ғайри ҳасодат набуду нест,
Бар аспи ҷаҳли хеш бигў то кайӣ савор?»
Аз ошноият ба ҷуз ғусса набурдаам,
Дар ҳасратӣ, ки то ҳанўз аз чӣ намурдаам,
Аъмоли ту ба ҳазрати аъло супурдаам,
«Аз ту ҳаромтар ба ҷаҳон вонахурдаам,
Ҳарчанд хешро бишуморӣ ҳалолкор.»
Хонӣ агарчи хешро бисёр арҷманд,
Бо хулқу хўи худ наӣ ҳаргиз ту дилписанд,
Бинвиштам ин таронаро баҳрат ба заҳрханд,
«Бори дигар бигўямат аз минбари баланд,
Эй сагдаҳан, ба мардуми доно туро чи кор!?»
НУРИ МАН
Мухаммас бар ғазали устодам Ҳусниё Зулфонов
Нури ман, ҳаргиз намехоҳам зи ман ранҷиданат,
Ҳарфи беҷои рақибон, ҷони ман, бишниданат,
Чашм равшан мешавад аз дар чаман болиданат,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё