ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Чун Зарифӣ рози қалби хешро изҳор кард,
Аз фиғони хеш бас ҳамсояро бедор кард,
Қотили худ ном бурду номи ў такрор кард,
«Бобак, аз андўҳи дунё нолаҳои зор кард,
Нолаҳояш дар замири дафтари ашъор монд.»
ЗИНДА БОДО!
Мухаммас бар ғазали Бобаки Суғдӣ
Боз он зебонигор ояд ҳаме,
Ёри ширин дар канор ояд ҳаме,
Мавсими авҷу барор ояд ҳаме,
«Боз ҷашни навбаҳор ояд ҳаме,
Бўи гул аз кўҳсор ояд ҳаме».
Бар рухи мо боз ханданд ахтарон,
Шодӣ ояд бар дили хурду калон,
Файз резад бар замин аз осмон,
«Иди Наврўзи ҷаҳонӣ парзанон
Бо пару бо боли сор ояд ҳаме».
Бо навои мутрибони арҷманд,
Бо суруди мурғакони дилписанд,
Гоҳ бо лабханду гоҳ бо нўшханд,
«Боз аз домони кўҳи сарбаланд
Савти нойи чашмасор ояд ҳаме».
Шаҳди шодӣ мерасад бар ҳалқҳо,
Бўи нав ояд зи кўҳнадалқҳо,
Сад калид пайдост бар ин ғалқҳо,
«Зинда бодо дўстии халқҳо,
Муждаи деринтизор ояд ҳаме».
Бо китоби Ҷомии овозадор,
Бо нидои Фонии маънишикор,
Гул ба даст аз боғҳои рўзгор,
«Тоҷику узбак зи ҳар кунҷу канор
Дўстона дар канор ояд ҳаме».
Халқи дурандешам ин дам шод бош,
Посдори хотири аҷдод бош,
Дар паи дилҷўии авлод бош,
«Шаҳри ман, эй Панҷакат, обод бош,
Фурсати авҷу барор ояд ҳаме».
Мерасад аз чор сў анвори бахт,
Меваи ширин биёрад ин дарахт,
Дўстӣ орад ба инсон тоҷу тахт,
«Душманӣ орад ба мардум рўзи сахт»,10
Дўстӣ бар суди кор ояд ҳаме».
Мисраъ аз устод Мирзо Турсунзода.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё