Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз ин боғи биҳиштӣ дастаи гул чидаам, эй дўст,
Суханҳои хуше аз ҳар забон бишнидаам, эй дўст,
Гаҳе бигристам, гоҳе ба худ хандидаам, эй дўст,
«Ман ин ҷо зодаам, ин ҷо муҳаббат дидаам, эй дўст,
Ҳам ин ҷо сар ниҳам, ин ҷо ки бошад модари покам.»

БО ХОР МОНД
Мухаммас бар ғазали Бобаки Суғдӣ

Сарви хушрафтор по дар домани анҳор монд,
Дасти Фарҳоди замон дар Бесутун аз кор монд.
Булбули ошуфта дур аз гулбуни гулзор монд,
«Гул зи гулшан по кашиду боғро бо хор монд,
Дар дили дашту даман аз рафтанаш озор монд.»

Хостам як умр бар ҳар раҳраве роҳи сафед,
Бахш бинмудам барояш шаҳри дунёи умед,
Меваи армони худ ҷустам чаро аз шохи бед?
«Бо гузашти рўзгорон шуд табиат мўсафед
Пири кўҳ аз барф, инак бар сараш дастор монд.»

Чеҳраи ширинлоқоеро надидам то ба хоб,
Бар нукоти ормони дил нагаштам комёб,
Ногаҳон омад ба гўшам аз малоик ин хитоб:
«Панҷаи хушки дарахтон ларза дорад беҳисоб,
Фасли пирӣ аз пайи худ ин қадар осор монд.»

Додаем умре сабақ аз сархамию бандагӣ,
Қалби мо берун шуд аз маҳфил ба сад шармандагӣ,
Бурд моро берун аз доира ноарзандагӣ,
«Мо ба қадри мардуми соҳибдил андар зиндагӣ
Мерасем он рўзгоре, ки дилаш аз кор монд.»

Мо набудем пеши рўйи маҳваше оинадор,
Назди арбоби ҳунар мондем мо бе эътибор,
Шармсорем аз худу аз ашки талхи шашқатор,
«Аз ғаму андўҳи дунёву ҷафои рўзгор,
Дар дили вайронаи мо ҳасрати бисёр монд.»

Роздорон ҳар куҷое шўри ғавғо мехўранд,
Санги беандоза бар сар аз сурайё мехўранд,
Ғам ба рўи ғам зи ҳар оҳанги савдо мехўранд,
«Сарбаландон ҳар куҷо шамшери ноҷо мехўранд,
Теғро шеди саҳар бар гардани кўҳсор монд.»

Ҷони мо буд дар тани мо ҳамчу мавҷи беқарор,
Тарки тан гуфту ба кўи дўст гардид раҳсипор,
Чун надид дар ҷода марди порсою ҷоннисор,
«Рафт дарё аз паси рўзии худ тоҷиквор,
Чашма ҳамчун модари мо бо ду чашми чор монд».

пешина
аз 103
навбатӣ