ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
«Вафодори туям, номат ҳамеша зери лаб дорам,
Ба ранҷи бевафоӣ беш озорам макун охир».
Намеоям бурун ҳаргиз зи фармонат дар ин майдон,
Агар хоҳӣ маро сўзӣ, биё, таъхир макун, сўзон!
Ба ин қалби дусадпора набошад зиндагӣ осон,
«Дилу ҷони маро аз ғам сиришта аз қазо Яздон,
Биё, дил бар, вале дигар, дилафгорам макун охир».
Диҳам аз ташнагӣ ҷон, аз лаби қоқам намепурӣ,
Ба теғам мезанию аз тани соқам намепурсӣ,
Зи дарди бе қиёсу табъи ночоқам намепурсӣ,
«Дар ин ғурбатсаро аз ҳоли муштоқам намепурсӣ,
Ба дур аз моҳи рухсорат, шаби торам макун охир».
Надорад ин ҷаҳон суде ба ҷуз дарду алам бурдан,
Саропои вуҷуди хешро аз доғ озурдан,
Табассум мекунад бинад маро дар ҳоли афсурдан,
«Тапидан сўхтан, дар хоку хун ғалтидану мурдан!»9
Аз ин бадтар маёзору гирифторам макун охир».
Зарифӣ дар ҳавои ту назар бар оби ҷў дорад,
Гузорад то намози шукр аз хунаш вузў дорад,
Ду тоқи абрўвонатро ҳамеша пеши рў дорад,
«Сафар то зинда бошад ному ёдатро накў дорад,
Сано бар чашми ҷодуят, азодорам макун охир».
МАН ИН ҶО ЗОДААМ...
Мухаммас бар ғазали Сафар Абдуллоҳ
Ватан ҷону ҷаҳони ман бувад, бинмой идрокам,
Нами обаш бувад авлотар аз сад бодаи токам,
Ба ў ман нахли сарсабзам, набошад мушти хошокам,
«Ман ин ҷо зодаам, эй дўст, ин ҷо реша дар хокам,
В-аз инҷо меравад ҷони гиромӣ сўйи афлокам.»
Дар ин ҷо ман ба дунё омадам, баъди сари аҷдод,
Ба рўям ин Ватан оғўши меҳрафзои худ бикшод,
Шавам бемору монам дар бало ўро барам аз ёд,
«Агар вайрона ё обод, ё дар банди истибдод,
Ман ин вайронаро дорам, ки бо ёдаш тарабнокам.»
Ватан! Медонӣ қадру қиммати идроки Эронвич,
Ватан! Болӣ зи ҳар мероси хубу поки Эронвич,
Ватан! Ҳастӣ давои синаи садчоки Эронвич,
«Ватан! Ин Тоҷикистон – порае аз хоки Эронвич,
Ватан, яъне Хуросон – зодбуми оли бебокам.»
9
Мисраъ аз Олии Шерозӣ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё