Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

САЗОИ ЭҲТИРОМ АСТ
Эҳдо ба устод Низом Қосим

Саодатманд дар олам Низом аст,
Зиҳӣ, донандаи илми калом аст.
Бувад шеъраш мисоли сабзаи тар,
Ба ҳар маҳфил сазои эҳтиром аст.
Рубоию дубайтӣ, фардбайташ,
Зи афришта барои мо паём аст.
Зи шеъраш ташнагон шодоб ҳастанд,
Аз ў шаҳди сухан бар мо ба ком аст.
Надорад мазҳабе ҷуз дилпарастӣ,
Касе қадраш надонад фарди хом аст.
Ғазалҳояш равон чун чашмасоранд,
Ҳама сатраш яке оёти том аст.
Ҳасудон ҳар чӣ гўянду нагўянд,
Дар ин ҷода каси соҳибмақом аст.

ҒАМИ МИЛЛАТ БА ВАЙ ДАР СИНА
ДАРДУ ДОҒУ ИЛЛАТ БУД
Барои устод Бозор Собир

Ҳамеша нури инсонӣ варо андар ҷибиллат буд,
Ватанро месуруду ифтихори халқу миллат буд.
Чароғи нурборе буду фарди бофазилат буд,
Ғами миллат ба вай дар сина дарду доғу иллат буд

Касе чун ў дар ин олам накўиро намедонист,
Касе чун ў ба маҳфил фошгўиро намедонист,
Ба рўи ҷодаи армон дурўиро намедонист,
Ғами миллат ба вай дар сина дарду доғу иллат буд.

Ба подоши ҳунар дар ҳабс афтоду муҳоҷир шуд,
Зи мулки хеш берун рафту танҳою мусофир шуд,
Ба шеъри дилкашаш дар синаи мардум мушовир шуд,
Ғами миллат ба вай дар сина дарду доғу иллат буд.

Ба лаҳни дилкашу муқбил ҳамеша аз Ватан мегуфт,
Чу як фарзанди соҳибдил ҳамеша аз Ватан мегуфт,
Ба ҳар ҷамъомаду маҳфил ҳамеша аз Ватан мегуфт,
Ғами миллат ба вай дар сина дарду доғу иллат буд.

Ба шеъри дилкаши худ ҷовидонӣ зинда мемонад,
Дурахшон ҳамчу наҷми осмонӣ зинда мемонад,
Ба қаъри синаҳо ҳамчун ҷавонӣ зинда мемонад,
Ғами миллат ба вай дар сина дарду доғу иллат буд.

ГУНОҲАШ АЗ ШУМО АВЛОСТ
Ҷавобе ба ҳасудон ва бадгўёни устод Бозор Собир

Ҷаҳон бигрист андар марги шоир,
Шумо миред ҳаргиз кас нагиряд.

пешина
аз 103
навбатӣ