ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Боз бинам мардуми Фарғонаро,
Мардуми бо ҳикмати фарзонаро.
Пешкаш шуд косаи ҳамсоягӣ,
Расму роҳи хосаи ҳамсоягӣ.
Боз гўям: « Хуш келибсиз», эй азиз,
Дўсти ширинтар аз мағзу мавиз.
Ўзбекам гўяд: Шумо « Хуш омадед»,
Дар гуселам хоҳад ў роҳи сафед.
Рўҳи Ҷомию Навоӣ шод гашт.
Тоҷику ўзбек зи ранҷ озод гашт.
Зинда шуд дубора гар Ғафур Ғулом,
Кард ўро рўҳи Мирзо эҳтиром.
Шералӣ хонад суруди тоҷикӣ,
Бо муҳаббат, бо дуруди тоҷикӣ.
Ҷўрабек гўяд ба ўзбекӣ ҷавоб,
Қалби моро оварад бар изтироб.
Мо «қариндошем» аз аҳди қадим,
Дўстии мост доим мустақим.
Боз монам пой бар шаҳри Бухор,
Боз бинам ман мадориси қатор.
Боз Душанбе ба Тошканд шуд қарин,
Боз тоҷик шуд ба ўзбек ҳамнишин.
Боз аз нони Самақанди шариф,
Мекушояд ин замон табъи латиф.
Боз ояд раштӣ бар сўи Қуқанд,
То бубинад рўи ёри арҷманд.
Бо қатори нур бар Хатлон расид,
Аз ҳама ёри ҷудогашта навид.
Ин ато аз давлати Раҳмонӣ шуд,
Аз зиёи Мирзиё арзонӣ шуд.
Ҳардуянд бар мо атои Кибриё,
Дардҳои синаро гашта даво.
Лутфи Аллоҳ аст чун ҳамроҳашон,
Чашми бад дур аз ҷалолу ҷоҳашон.
Равшанӣ орад сафои бомдод,
Дўстии халқҳо поянда бод!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё