Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бо сулҳ ошноем,
Эй Пешвои Миллат.

САДҚА ГАРДАМ БАР ШУМОЮ ДАСТИ ПУРЭҲСОНАТОН
Эҳдо ба Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев

Эй малоикшавкато, ҷонам бувад қурбонатон.
Садқа гардам бар Шумою дасти пурэҳсонатон.

Дур будам солҳо аз ёри армонии худ,
Боз даъват кардаед моро ба сўи хонатон.

Боз мемонам қадам дар кўчаи шаҳри Бухор,
Дар намози хеш бошам дар дуъои ҷонатон.

Боз дар шаҳри Самарқанди чу қанди нозанин,
Мешавам бо қалби пур аз меҳри худ меҳмонатон.

Боз меорам ба хотир савти Маъмурҷон Узоқ,
Боз меболам зи ҳар як нуктаи фармонатон.

Рўҳи Ҷомию Навоӣ аз Шумо бошад ризо,
Шодам аз зикри Шумою лутфи бепоёнатон.

Боз зикри шеъри Абдуллоҳи Ориф мекунам,
Бо муҳаббат бингарам бар ҷониби айвонатон.

Дарди дурӣ дар вуҷудам ошён бигзида буд,
Шуд табобат ҷамъи дарди қалб аз дармонатон.

Боз мехонам ба маҳфил шеър бо ҳарду забон,
Боз мехоҳам, ки бинам чеҳраи хандонатон.

Ўзбеку тоҷик ду шохи як дарахти комиланд,
Гул кунад ин нахли хуш имрўз дар давронатон.

Даври фурқат рафту омад навбаҳору фасли васл,
Кам нагардад лутфатону ҳиммати шоёнатон.

Бо Эмоми тоҷикон додед дасти дўстӣ,
Бод мустаҳкам ҳамеша риштаи паймонатон.

Шавкати олинаҷот, аз дудмони Мирзиё,
Гарди ғам ҳаргиз нашинад дар бари домонатон.

ДЎСТИИ ХАЛҚҲО ПОЯНДА БОД!

Дўстии мо зи нав оғоз шуд,
Роҳ бар сўи Бухоро боз шуд.

Боз оям бар Самарқанди чу қанд,
Аз Ҳисори Шодмону аз Хуҷанд.

пешина
аз 103
навбатӣ