ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Мо сари сабзи Шуморо орзу дорему бас,
Нахли пур аз бору шохи гулфишони миллатед!
Бурдаед аз байн чун тиру камони маргро,
Хуштулуъ, хушранг чун тирукамони миллатед!
Кардаед пурлола боғи ормони халқро,
Сарви озоде ба боғу бўстони миллатед!
Додаед андар баҳои ҷони худ моро наҷот,
Навбаҳори гулфишону бехазони миллатед!
Мо муридосо Шуморо менамоем эҳтиром,
Нуктасанҷу нуктафаҳму нуктадони миллатед!
Баҳри подории кишвар мекунед азму талош,
Марди боандешаеду қаҳрамони миллатед!
Шукри озодию ободӣ ҳамесозем мо,
Сарвати олию кони зарфишони миллатед!
Умратон бодо дароз, эй шоҳи хушиқболи мо,
Қиблаи мақсуду ганҷи ройгони миллатед!
Бо Шумо дар рўи олам мо намоем ифтихор,
Як ҷаҳону ду ҷаҳон не, сад ҷаҳони миллатед!
Шеъри мо аз ҳарфатон гирад ғизои нав ба нав,
Пешвои мою шеъри ҷовидони миллатед!
ПЕШВОИ МИЛАТ
Эй Пешвои Миллат,
Эй раҳнамои милат.
Ҳастед кони маънӣ,
Эй бебаҳои миллат.
Дар қаъри сина ҷоед,
Нури ду чашми моед,
Дунёи пурсафоед,
Сулҳу сафои миллат.
Чун наҷми осмонед,
Хуршеди нурфишонед,
Дар ҷисми мулк ҷонед,
Дасти расои миллат.
Чун нахли пур зи боред,
Бо номусу баоред,
Тавъам ба навбаҳоред,
Эй ҳамсадои миллат.
Мо пайрави Шумоем,
Дар зери як ливоем,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё