Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър

НАВБАҲОРИ МИЛЛАТЕД

Офтоби хуштулўи нурбори миллатед,
Дар дили фасли зимистон навбаҳори миллатед.

Ҳодии пиру ҷавони халқи худ гардидаед,
Эй дилогоҳи замон, омўзгори миллатед.

Хешро афкандаед сад бор дар доми хатар,
Қаҳрамони сарбаланду ҷоннисори миллатед.

Нур меборад зи рўи чун шафақ рангинатон,
Моҳтоби дилрабои шоми тори миллатед.

Сулҳ овардед баҳри мо дар ин рўзи саид,
Дар тамоми рўи олам ифтихори миллатед.

Қасри Сулҳу Оштиро ранги дигар додаед,
Дар талоши хубиҳои рўзгори миллатед.

Ваъда додед: «Сулҳ меорам барои халқи худ.»
Марди қавлу марди бономусу ори миллатед.

Шаҳри Душанбе мубаддал гашт бар як боғшаҳр,
Гулпарастеду Шумо худ лолазори миллатед.

Роҳ бикшодед баҳри мо ба батни кўҳсор,
Дар дами тангӣ ҳамеша дар канори миллатед.

Парчами моро баланд афрохтед дар ҳар канор,
Дар ҷаҳон чун фарди соҳибэътибори миллатед.

Сар бурун н-орад адўи миллат аз мушхонааш,
То Шумо дар ҷодаи иқбол ёри миллатед.

Рўҳи аҳли мазҳаб аз кори Шумо бошад ризо,
Посдори мазҳабеду посдори миллатед.

Шавкати Исмоили Сомонӣ аз нав зинда шуд,
Ҳомии арзандаи лайлу наҳори миллатед.

ҶОНИ МИЛЛАТЕД

Шабчароғи тобноки осмони миллатед!
Абри пурҷуду сахои дурфишони миллатед!

Тоҷикистон модар асту посдори модаред,
Пури боандешаи ширинзабони миллатед!

Чун раҳонидед моро аз дами теғи бало,
Равшании рўҳи аҷдодеду ҷони миллатед!

Ҳодии моед сўи гулшукуфти рўзгор,
Сорбони номдори корвони миллатед!

аз 103
навбатӣ