Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Фалак сад нола дорад дар ғами ў,
Шумо миред хору хас нагиряд.

Надоред қадри гарди домани ў,
Ҳасудони дили бемори шоир.
Гуноҳаш аз Шумо авлост, авлост,
Аё вомандагони доми тазвир.

Худо худ қозии рўзи ҷазо ҳаст,
Шумо ҳукми паси парда надонед.
Шумо алломагони навбаромад,
Хате аз дафтари қисмат нахонед.

Бимонад рўи саҳфа номи Бозор,
Вале дар зиндагонӣ бенишонед.
Ҳасудони парешонгўи ноаҳл,
Шумо беқадр чун барги хазонед.

САФОИ САРМАДДЕҲ
Эҳдо ба нобиғаи нотакрор Баҳманёр

Ба гўши ҷони ту ояд садои Сармаддеҳ,
Фидо намудаӣ умрат барои Сармаддеҳ.
Ба лаҳни дилкашу ҷолиб намудаӣ такрор,
Суруди дилкаши дил дар санои Сармаддеҳ.
Зи лаҳни дилбару ширину авҷи парвозат,
Расонд мужда бароям сабои Сармаддеҳ.
Ягона тоҷири хубӣ, ки хуб медонӣ,
Ҳамеша арзиши хешу баҳои Сармаддеҳ.
Ту шоъирию шеъри ту ҷаҳонгир аст,
Чу шеъри дилкаши оламнамои Сармаддеҳ.
Мурид аз хати пираш бурун намеояд,
Наоӣ лаҳзае берун зи рои Сармаддеҳ.
Вуҷуди хастаи ту об гашту аз ҳам рехт,
Ба ҷаҳд бурдӣ варо то ба пои Сармаддеҳ.
Зи килки ту ин деҳ азизи мардум шуд,
Ба ҷуз ту кас набувад ошнои Сармаддеҳ.
Ба мулки синаи ту ҷои торике набвад,
Расад ба гўшаи тораш шуъои Сармаддеҳ.
«Шаҳаншаҳ»1-и иқлими ин диёр туӣ,
Бубинӣ то ба абад ту сафои Сармаддеҳ.

ҚАСИДАИ БИСТУ ПАНҶ

Мебарад дилро хаёли бисту панҷ,
Шодам аз ҳусну ҷамоли бисту панҷ.

Қуръаи фолам накў омад аҷаб,
Хушдилам аз нури фоли бисту панҷ.

1
Шаҳаншаҳ – романи Баҳманёр.

пешина
аз 103
навбатӣ