Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Кистам? Булбули овораи боғу чаманам,
Кистам? Лолаи пажмурдаи саҳрои танам.
Кистам? Музлимаму дур зи хеш афтода,
Хориҳо дидам аз ин дор, на бал хорканам.
Кистам? Дар ғами рўзӣ шуда сарсон ҳар сў,
Талх бошад зи ғами рўзӣ ҳамеша даҳанам.
Кистам? Марди мусофиршудаи бехона,
Рўзу шаб дар талаби дидани рўи Ватанам.
Кистам? Бо тани пурдарду дили озурда,
Дур аз модару аз дилбари симинзақанам.
Кистам? Равшану Ҷамшеди замон гардида,
Бас хушомад бизанам пеши дари гўрканам.
Кистам? Арзи маро боз ба ман гардонанд,
Эътиборе набувад дар ману ҳарфу суханам.
Кистам? Дур зи ҳавлии падар гардида,
Дар ғами серию пўшидани фарзанду занам.
Кистам? Дидаи ман кўр бувад аз гиря,
Яъқубосо ҳама дам маскуни байтулҳазанам.
Кистам? Он, ки ҳақорат шунавад ҳар лаҳза,
Мурдаи роҳраве зери яке пираҳанам.
Кистам? Буалӣ Сино нарасад бар додам,
Солҳо дар ҳаваси мурдану гўру кафанам.
Кистам? Русу хитоӣ кунадам таҳқиру бас,
Тифли бе ҳарфу забонам, на ба ёди лабанам.
Кистам? Душмани бегона набудам ҳаргиз,
Сафи аъдо нашикастам, сафи худро шиканам.
Кистам? Кош шиносам худу аҷдодамро,
То ба кай ман зи ҳуқуқи маданӣ дам назанам?
Хуб фармуд ба мо Лоиқи некўандеш:
«Ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам.»

ЖУРНАЛИСТ

Ёрон ба хобу то саҳар бедор журналист,
Аз дарди ҷомеа бувад бемор журналист.
Курсии кор баҳри ў болину бистар аст,
Дорад ҳамеша синаи афгор журналист.
Таъриф, ар кунад, зананд сангаш, ки мадҳгўст,
Дар байни боғи гул бувад чун хор журналист.
Танқид, ар кунад, варо оранд то ба суд,
Бинад ҳамеша бегунаҳ озор журналист.
Кас дасти ў нагирад, ар афтад ба вартае,
Монад ба варта музлиму ночор журналист.
Як умр ранҷ мебарад аз бепулӣ, дареғ
Холӣ барояд аз дари бозор журналист.
Васфи Ватан намояду васфи гули баҳор,
Бе килку бе варақ бувад нодор журналист.
То лаҳзаҳои вопасини умри хештан,
Монад ба қавли хештан подор журналист.
Шамъ умеди ў шавад хомўш ҳар нафас,
Бахшад ба кас зи хуни худ анвор журналист.

пешина
аз 103
навбатӣ