ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Тири нахуст бар дили ў мерасад, бале
Ҷон медиҳад ба ҳасрати бисёр журналист.
ҲАФТПИР
Пеш аз сафар ба шаҳри Бухорои Шариф
Шояд шавад насиби ман дидори Ҳафтпир.
Нўшам зи оби чоҳи шакарбори Ҳафтпир.
Аз Ғиждувон қадам барам то шоҳи Нақшбанд,
Берун наоям аз хати паргори Ҳафтпир.
Гирам сабақ зи марқади ибратпазирашон,
Лаззат барам зи саҳфаи афкори Ҳафтпир.
Бар Ревгар ба Орифи ширинсухан расам,
Ёд оварам расоилу осори Ҳафтпир.
Гўям дуруди хоҷаи Анҷирфағнавӣ,
Гарм аст то абад ба ман бозори Ҳафтпир.
Рометанист Хоҷа Алӣ, бо тариқаташ
З-ў мерасад ба дидаҳо анвори Ҳафтпир.
Бобо Самосӣ хонадам бар сўи хештан,
То гўядам зи нуктаи асрори Ҳафтпир.
Оям ба гиря дар сари гўри Амир Кулол,
Чинам гули ҳавас ҳама аз хори Ҳафтпир.
Аз ҳарфҳои дилпазир дар ҷодаи сухан,
Гўям зи мағзи ҷони худ ашъори Ҳафтпир.
ЗИКРИ ХУДО МЕХОҲАМ
Рамазон омадаю зикри Худо мехоҳам,
Бар дари мағфирати дўст дуъо мехоҳам.
Баъди ин бори гунаҳро натавонам бардошт,
Наравам аз сари кўят, ки туро мехоҳам.
Моҳи бахшишу саодат ба ҳама хуш бошад,
Аз чаманзори висоли ту ғизо мехоҳам.
Хонаи макру риёро бизанам оташу пас,
Бар ҳама дарди худ аз ёр даво мехоҳам.
Рамазон-моҳи муборак, рамазон-моҳи сахост,
Аз дили танг фақат зикру сано мехоҳам.
Дар шаби қадр зи анвори хушат металабам,
Бар ҳама қалби сияҳ нуру сафо мехоҳам.
Хастаам аз худу аз зиндагии якрангам,
Ҳар нафас замзамаю бонгу наво мехоҳам.
Даст бар домани Ҳақ мезанаму мегўям:
Баҳри ҳар дарду бало аз ту шифо мехоҳам.
ЧАРО?
Чаро мардони мо ғайбатшиоранд?
Ба ҷуз ин пеша касби хуш надоранд.
Зананд санги маломат бар сари ҳам,
Ҳасуду ҷоҳилу бе нангу оранд.
Зи лутфу меҳрубонӣ дур гашта,
Чу доғе нохуше дар рўзгоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё