ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Бароям пораи санги Ватан як ганҷи беҳамтост,
Сари ҳар санги онро тахти хурсандии ман гуфтам.
Ватан тавъам ба модар гашту модар тавъами Меҳан,
Аз ин рў Мому Меҳанро қарини ҷону тан гуфтам.
Шароби нобро аз чашмасори беадад ҷўям,
Ба худ ҳар қатраобашро беҳ аз ҷўи лабан гуфтам.
Надидам дар ҳама олам дигар мулки биҳиштосо,
Ба ҳар ҷое расидам бо муҳаббат ман «Ватан» гуфтам.
ГУМ КАРДААМ
Мурғи бе болу парам, аммо қафас гум кардаам,
Дод мехоҳам зи олам, додрас гум кардаам.
Мефиребад зиндагонӣ ҳар нафас бо ишваам,
Роҳи худ ҳамроҳ бо роҳи нафас гум кардаам.
Халқро аз соддагӣ ман дўст мепиндоштам,
Соати осудагиро аз асас гум кардаам.
Хостам бошам даме андар чаман дар пои гул,
Гавҳари мақсуд байни хору хас гум кардаам.
Дур будам аз маъонию адаб бисёр сол,
Рўзу моҳи хештанро барабас гум кардаам.
Сорбоно, хешро додам ба гирдоби фано,
Дар биёбони адам бонги ҷарас гум кардаам.
Орзуям буд биншинам даме бо аҳли дил,
Орзуям мурду ёри ҳамнафас гум кардаам.
Аз ҳақиқат сар бупечидам нарафта зери дор,
Лаҳзаҳои умр дар ҳифзи қасас гум кардаам.
Ҳеҷ кас дасти маро нагрифт дар сахтии кор,
Мондаам дар вартаю фарёдрас гум кардаам.
Маргро мехоҳаму торикии кунҷи лаҳад,
Дар масири хештан ҳарфи ҳавас гум кардаам.
ҒАЗАЛ
Ҳайфи он лаҳза, ки бар ҳарфи ту бовар кардам,
Дил супурдам ба тую тарки дилу сар кардам.
Кардӣ помол марову нагирифтӣ дастам,
Гарчи хоки раҳи ту болину бистар кардам.
Бурдӣ сабр аз ману бо ғайр қадаҳ бигрифтӣ,
Ёд арчанд туро ёри ситамгар кардам.
Эй басо шаб ба хаёли ту нахуфтам то субҳ,
Домани хеш зи хуни дили худ тар кардам.
Чун саге дар сари кўи ту намудам манзил,
Олами сина зи бўи ту муаттар кардам.
Нолаҳо кардаму огоҳ нагаштӣ зи дилам,
Теша бар реша задам, гўши фалак кар кардам.
Оҳ, сад оҳ, маро мондию бигзаштӣ зи ман,
Ҳайфи он лаҳза, ки бар ҳарфи ту бовар кардам.
ҒАЗАЛИ МУҲОҶИР

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё