Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба лаб набвад дигар нақши табассум,
Ба коми оташу озорам имшаб.
Бимон по бар сарири дидаи ман,
Ба роҳат бо ду чашми чорам имшаб.
Зи роҳи хеш ҳаргиз барнагардам,
Ба аҳди хештан подорам имшаб.
Зарифӣ меканад дар ҳасратат ҷон,
Шаби ялдою ман бедорам имшаб.

БО ШУМОЁН ЗИНДААМ

Дўстони меҳрубонам, бо Шумоён зиндаам!
Дилситону қадрдонам, бо Шумоён зиндаам!
Лаҳзае пиндоштам худро ҳақиру нотавон,
Эй Шумо ҷону ҷаҳонам, бо Шумоён зиндаам!
Мешукуфад боғи армонам зи ҳар лабхандатон,
Бе Шумо шохи хазонам, бо Шумоён зиндаам!
Мурда будам, зиндаам кардед як бори дигар,
Дардатон ояд ба ҷонам, бо Шумоён зиндаам!
Шеъри ҷонбахшо маро аз дард месозад раҳо,
Байту шеъру достонам, бо Шумоён зиндаам!
Моҳу хуршеди фалак бошанд ба ман беэътибор,
Ахтарони осмонам, бо Шумоён зиндаам!
Он қадар ман ташнаам бар ҳарфи ҷонафзоятон,
Чашмаю баҳри дамонам, бо Шумоён зиндаам!
Сар бимонам пеши пои ҳар яки ёрон равост,
Васфатон андар забонам, бо Шумоён зиндаам!
Аз ҷамоли офтобии Шумо, эй дўстон,
Нур гирад дидагонам, бо Шумоён зиндаам!

БУХОРО

Парвоз кунад мурғи дилам сўи Бухоро,
Хуш мерасадам ҳар нафасе бўи Бухоро.
Дар орзуяш сўхта будам ҳамаи умр,
Шодам, ки расидам ба сари кўи Бухоро.
Аз дидани ҳар боғи базебаш битапад дил,
Оташ бинишонам ба нами ҷўи Бухоро.
Исмоили Сомонӣ ба ман роҳ намояд,
Дилро бибарад сунбули гесўи Бухоро.
Аз товуси боғаш фараҳе бар дили танг аст,
Бошам ҳамаи умр дуъогўи Бухоро.
Шодона сароям ғазали меҳру вафояш,
Бўсам зи кафи пои сухангўи Бухоро.

ВАТАН ГУФТАМ

Ба қалби пурфараҳ аз боғу гулгашти чаман гуфтам.
Суруди зиндагониро ба ҳар як анҷуман гуфтам.
Расад андар машомам накҳати гул ҳар саҳаргоҳон,
Ҳама регу гиёҳи кишварамро настаран гуфтам.

пешина
аз 103
навбатӣ