Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ёд мекардам зи рўҳи Ёрии оқил,
Пеши рўҳи ҳар бузурге мехамидам.
Миршакар мегуфтаму таъзим мекардам,
Шоҳфутур медод аз ҳастӣ навидам.
Хоки Ширинро ба дида сурма мекардам,
Сўи қулла чун уқобе мепаридам.
Васф мекардам ҳама сангу гиёҳаш,
Аз лаби ҷонбахши чашма мемакидам.
Орзуям нест ҷуз ин ҳарфи ҷонбахш,
Кош боре бар Бадахшон мерасидам.

ХОРУҒ

Ба дил бошад маро армони Хоруғ,
Бувад хушбў гулу райҳони Хоруғ.
Нигоҳи духтаронаш мебарад дил,
Ба қурбони сияҳчашмони Хоруғ.
Бинўшам қатрае аз рўди Ғундаш,
Биҷўям лаъли ноби кони Хоруғ.
Канори чашмаи Носир нишинам,
Бидўзам дида бар майдони Хоруғ.
Ба ёд орам адибони сухандон,
Ки буданд ахтари тобони Хоруғ.
Ба хурсандӣ аз он берун биёяд,
Яко як ҷумлаи меҳмони Хоруғ.
Шавад табъи ҳама оянда равшан,
Зи файзи кўҳсору хони Хоруғ.
Зарифӣ, ошиқи ин шаҳри зебост,
Нависад шеър андар шони Хоруғ.

ДИЛИ СЎХТА

Эй кош бидонӣ ту дили сўхтаамро,
Ганҷи зи ғаму дарди дил андўхтаамро.
Дар хоби хушӣ, лазати бедорӣ чӣ донӣ?
Чашми ба ҳавас бар дари ў дўхтаамро.
Аз боди хазон лаҳзае хомўш нагардон,
Шамъи зи хуни хеш барафрўхтаамро.
Мегиряму кас сўи манаш бознаорад,
Сармояи бар беҳуда бифрўхтаамро.
Ин манзили ориятиям гарм нагардад,
Хомўш макун оташи афрўхтаамро.
Ман донаму дарде, ки маро хуб шиносад,
Ҳолоти харобу даҳани дўхтаамро.

ИМШАБ

Ба дил армони рўят дорам имшаб,
Харобу хастаю афгорам имшаб.
Зи хори ин чаман озурда гаштам,
Ба ёди як гули бехорам имшаб.

пешина
аз 103
навбатӣ