ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Бе ишқ зиндагонӣ суде ба кас надорад,
Сабзад гули саодат аз донаи муҳаббат.
Бар водии садоқат танҳо қадам намонам,
То ҳаст ҳамраҳи ман ҷононаи муҳаббат.
Шодам, ки ҷой дорам, ҳар субҳу шом, эй дўст,
Дар хонаи умеду сомонаи муҳаббат.
БА ТУ ЧӢ?
Ман агар дарди ғами ёр надорам, ба ту чӣ?
Донаи меҳру вафо ҳеҷ накорам, ба ту чӣ?
Ман агар дар ҳаваси ёр зи по меафтам,
Набувад гар ҳавасу зўру мадорам, ба ту чӣ?
Ман агар шавқи гули боғ бибурдам аз ёд,
Сарду озурда чу як санги мазорам, ба ту чӣ?
Чун адў бар мани афтода чаро менигарӣ,
Ошиқу шефтаи фасли баҳорам, ба ту чӣ?
Ту зи ман дурию ман дуртар аз ту сад қарн,
Гули сурияму ё панҷаи хорам, ба ту чӣ?
Ғайбати кас накунам, мадҳи касе нанмоям,
Хислати неку бади кас нашуморам, ба ту чӣ?
Хонаи қабри ман аз туст ҷудо, медонӣ,
Аҳли фирдавс ва ё дар дили норам, ба ту чӣ?
ХУШ ОМАДӢ
Эй шохаи шукуфаю райҳон, хуш омадӣ!
Эй лаъли хушмаоб ба гулистон, хуш омадӣ!
Ман мунтазири мақдамат будам ба ташнагӣ,
Ёри қарину чашмаи ҷўшон, хуш омадӣ!
Қолии қалб густарам дар рўи роҳи ту,
Аз Ванҷи нозу домани Рўшон, хуш омадӣ!
Бо нағмаю таронаю бо рақси дилфиреб,
Олиҳаи саодати даврон, хуш омадӣ!
Аз мулки лутфи Ҳуҷҷати олинишони мо,
Олинаҷот, гурди Бадахшон, хуш омадӣ!
Ман аз диёри Рўдакию Лоиқам агар,
Бар сўи ман зи олами ирфон, хуш омадӣ!
Хонам зи шеъри Миршакар дар базми ошиқон,
Дар базми шеър булбули хушхон, хуш омадӣ.
Бо қалби пур зи меҳри худ имрўз пеши мо,
Эй лабшакар, зи хиттаи Шуғнон, хуш омадӣ!
Аз соҳили Сарез ба Ҳафткўл, марҳабо,
Аз қуллаи баланд ба Зарафшон, хуш омадӣ!
БАДАХШОН
Кош боре бар Бадахшон мерасидам,
Накҳати гулҳои кўҳӣ мешамидам.
Нўш мекардам зи оби чашмаи Носир,
Дар қадамҷои бузургон медавидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё