ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Дар олами маънӣ, яқин,
Ҳастӣ «Балогардон»-и мо.
Тай созӣ ҳаштоду навад,
Хоҳам расӣ то соли сад,
То баҳри муштоқони худ,
Орӣ китоби беадад.
АЗ ДАФТАРИ ҒАЗАЛИЁТ
ДАВО НАДОРАД
Афсўс, дарди пирӣ ҳаргиз даво надорад,
Айёми зиндагонӣ чандон бақо надорад.
Боло бувад ба бозор нархи тамоми коло,
Инсон дар ин замона қадру баҳо надорад.
Бар лутфи чарх бовар кардан нашояд ин ҷо,
Ин пирзоли золим раҳме ба мо надорад.
Аз сина оҳ ҷўшад аз кардаҳои тақдир,
Дар сандуқи бисоташ ғайр аз ҷафо надорад.
Гардун зи наъши одам бозичаҳо бисозад,
Озори беҳисобаш ҳеҷ интиҳо надорад.
Рўзе ба пурсиши мо пайки аҷал биёяд,
Аз дасти ў халосӣ шоҳу гадо надорад.
Ҳаргиз маҷў, Зарифӣ, аз халқ меҳрубонӣ,
Ҳар сифлатабъ ин ҷо меҳру вафо надорад.
ДАР ҲАЛҚАИ ПАРГОР МОНД
Шаб гузашту дидаи ман то саҳар бедор монд,
Нуқтаи андешаам дар ҳалқаи паргор монд.
Кўҳсори пайкарамро тешаи даврон шикаст,
Барфи навмедӣ сари ин қулла чун дастор монд.
Хор- хори зиндагонӣ турбатам озурда кард,
Гуфтугўи гул ба дил, дар дидаи ман хор монд.
Навбаҳори зиндагиям гашт аз поиз хазон,
Нахли уммедам дар ин боғи ҳавас бебор монд.
Рустаме дасти маро нагрифт андар вартаҳо,
Дар дилам аз дўстони ҷонӣ сад озор монд.
Шаҳри армонам шуд аз бедоди чархи дун хароб,
Чашми хунрези ман андар домани кўҳсор монд.
Фасли пирӣ даррасиду орзу дар сина мурд,
Ҳасрати афзуни ман дар дафтари ашъор монд.
Рўзу шабро дар хаёли кор мекардам гусел,
Бо хаёли кор кардан қалби ман аз кор монд.
Пеш аз маргам маро дар хештан гўрондаанд,
Мурдаам дар хоки тар бо ҳасрати бисёр монд.
ДАР ШОНИ САМАРҚАНД

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё