Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ҶОНИ МОМА

Зи додот гуфта, себам додӣ, мома,
Сарупои базебам додӣ, мома.
Худаш ҳам мебиёяд гуфта фардо,
Ба се сол аст фиребам додӣ, мома.
Гули Мурод
Рухи додо надидӣ, ҷони мома,
Гули шодӣ начидӣ, ҷони мома.
Ду чашмонат бувад бар роҳи додо,
Ба соли се расидӣ, ҷони мома.

Агар бори дигар додот биёяд,
Дари баста ба рўи мо кушояд.
Намемонам равад аз хона берун,
Маро ҷуз ў пулу сарват набояд.

Мусофирбаччаамро ёд кардам,
Ба ёдаш хотири худ шод кардам.
Бидон, эй ҷони мома, се сари сол,
Дар ин раҳ умри худ барбод кардам.

Бихез аз хоки тар, эй ҷони мома,
Калон шав зудтар, эй ҷони мома.
Равӣ гар бар суроғи отаи хеш,
Маро бо худ бубар, эй ҷони мома.

ДОДОИ МО

Додои мо, Додои мо,
Додои дилдарёи мо.
Дар Рўзи ханда гаштаӣ,
Меҳмон ту бар дунёи мо.

Ҳар ҳарфи ту хубу баҷост,
Ҳаҷват аҷоиб дилрабост.
Фарзанди хуби оламӣ,
Ворух зи ту нозад равост.

Рафт ар «Лаку Пак» аз барат,
Бо худ бибурд дарди сарат.
Килки саодатёри ту,
Бошад ҳамеша ёварат.

Оҳиста рафтӣ, бешитоб,
Гуфтӣ латифа беҳисоб.
Ҳар чӣ дили тангат бихост,
Ҷо додӣ онро дар китоб.

Додои пурэҳсони мо,
Қимматтарӣ аз ҷони мо.

пешина
аз 103
навбатӣ