Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ман боз нишинам ба сари хони Самарқанд,
Наззора кунам бори дигар нони Самарқанд.
Ноне, ки зи ў бўи муҳаббат ба димоғ аст,
Эъҷози кафи лолаузорони Самарқанд.
Аз хоки раҳаш бўи хуш ояд ба машомам,
Ҷони мани дилдода ба қурбони Самарқанд.
Аз Рўдакӣ то Туғрали Аҳрорию Тамҳид,
Ҳастанд ҳама тифли дабистони Самарқанд.
Аз бўи гули тозаи ҳар нахли базебаш,
Файзи бирасад бар дили меҳмони Самарқанд.
Бозори пур аз меваю гулзори пур аз гул,
Бошад самари оби Зарафшони Самарқанд.
Аз боғи ҷинон нусхаи хубест ба олам,
Тўтисифатам дар шакаристони Самарқанд.
Дил дар ҳавасаш нағмасаро гашт, Зарифӣ,
Бошам ҳамаи умр санохони Самарқанд.

ДИДА БУДАМ

Як замоне навҷавонӣ дида будам,
Панди пирони замон бишнида будам.
Аз замини орзуи хотиротам,
Лолаи уммеду армон чида будам.
Эй басо, дар тори тўҳматҳои ноҷо,
Кинаварзо, бегунаҳ печида будам.
Дўстони нонию ҷонии худро,
Рўзи хушбахтию ғам санҷида будам.
Аз забони душманони хеш на як бору ду бор,
Ҳарфҳои талх бас бишнида будам.
Зиндагӣ норозӣ таркат менамоям,
Аз тую аз хештан ранҷида будам...

АЗ РОҲАМ НАМЕГАРДАМ

Ба ҳарфи душманони хеш аз роҳам намегардам,
Агарчанде занандам неш, аз роҳам намегардам.
Сари роҳам кунанд девору коранд дарзаҳои хор,
Қадам монам ба сўи пеш, аз роҳам намегардам.
Ғуломи бутпарасте гаштаву шодоб биншинанд,
Хилофи ин ду-се бадкеш аз роҳам намегардам.
Маро гар ҳар нафас дар зиндагӣ ағёр тарсонад,
Кунад ҷавру ҷафоҳо беш, аз роҳам намегардам.
Агар Қорунсифотон моли беандозае доранд,
Мани озодаи дарвеш аз роҳам намегардам.
Сари худ бахш кардам аз барои миллату Меҳан,
Чу монам бе худу бехеш аз роҳам намегардам.
Набандам ман дари ҳарфи ҳақиқатро ба рўи худ,
Кунанд гар синаамро реш аз роҳам намегардам.

ҒАМИ МИЛЛАТ БА РЎИ ШОНА ДОРАМ...

пешина
аз 103
навбатӣ