Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чевардухтарак, кош ба ман ёр шавӣ,
Бо ҳусни накў толеи бедор шавӣ.
Имрўз ба ишқи ту гирфтор шудам,
Аз рози дилам ту низ хабардор шавӣ.
Некўахтарон,
Чевардухтарон!

НУРИНИСОИ МАН
Суруд

Нуринисои ман.
Ширинлиқои ман,
Ту ҳастии манӣ,
Кони сафои ман.
Ман бар ту ошиқам,
Ман бар ту содиқам.

Ту сабзаи тарӣ,
Ту мушку анбарӣ,
Ту чашмасори дил,
Покизагавҳарӣ.
Ман бар ту ошиқам,
Ман бар ту содиқам.

Чун шохаи гулӣ,
Як даста сунбулӣ.
Эй дилфиреби ман
Як сина ғулғулӣ.
Ман бар ту ошиқам,
Ман бар ту содиқам.

Лутфе намо ба ман,
Дилро кушо ба ман,
Ояд зи кўи ту,
Атри сафо ба ман.
Ман бар ту ошиқам,
Ман бар ту содиқам.

Эй чўҷаи парӣ,
Як пора ахтарӣ,
Бояд ба лутфи беш,
Бар ман ту бингарӣ.
Ман бар ту ошиқам,
Ман бар ту содиқам.

ҶОНИ МАН, ОШИҚАТАМ

Ҷони ман, ошиқатам,
Ошиқи содиқатам.
Баъд аз ин ноз макун,
Эй парӣ, лоиқатам.

пешина
аз 103
навбатӣ