ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Қалб кошонаи туст,
Даст дар шонаи туст,
Ошиқи масти хаёл,
Зору девонаи туст.
Ҷони ман, ошиқатам,
Ошиқи содиқатам.
Баъд аз ин ноз макун,
Эй парӣ, лоиқатам.
Ёри якдонаи дил,
Нарав аз хонаи дил,
Як нафас сабр намо,
Шунав афсонаи дил.
Ҷони ман, ошиқатам,
Ошиқи содиқатам.
Баъд аз ин ноз макун,
Эй парӣ, лоиқатам.
Ту ба ман ганҷи умед,
Ту ба ман лаҳзаи ид,
Мебарӣ қалби маро,
Бар раҳи бахти сапед.
Ҷони ман, ошиқатам,
Ошиқи содиқатам.
Баъд аз ин ноз макун,
Эй парӣ, лоиқатам.
ШАҲРОШЎБ
Бозори ҳунармандон
Марҳабо, эй сарвари олимақом,
Пешвои мо, шаҳи боэҳтиром.
Мо хушем дар базми наврўзии мо,
Гашт дидори Шумо рўзии мо.
Баски имсол аст, як соли ҳунар,
Мекунем бар кўчаи таърих сафар.
Пурҳунар ҳастанд фарзандони мо,
Бингарем ҳоло ҳунармандони мо.
Оҳангар:
Аз нажоди Коваи оҳангарам,
Ин ҳунарро мисли ҷон мепарварам.
Созам аз оҳан басе асбоб зуд,
Аз ҳунар гул кард боғу манзарам.
Мум гардад оҳан андар мушти ман,
Қалби оҳанро чу пунба медарам.
Аз нажоди хешу аз таърихи худ,
Ман паёми тозае меоварам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё