ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Бар дарди дилам доруст
Ҷон нею беҳ аз ҷон аст.
Сарбози Ватан гардам,
Ҳамрози Ватан гардам.
Аз ин Ватани зебо,
Болам ба ҳама маъво.
Гулпўш кунам онро,
Бо меҳри дили шайдо.
Сарбози Ватан гардам,
Ҳамрози Ватан гардам.
ЧАШМАИ ҶОН
«Чашмаи меҳр»7 чашмаи ҷон аст,
Чашмаи дилкаши Зарафшон аст.
Дар шаби тори синаи беранг,
Ламъаи нури моҳи тобон аст.
«Чашмаи меҳр» чашмаи ҷон аст,
Партави меҳри қалби сўзон аст,
Навбаҳорест пур зи сабзаву гул,
Раҳнамо баҳри ҳар як инсон аст.
«Чашмаи меҳр» чашмаи ҷон аст,
Кони тиллост, кони армон аст.
Дар назокат надорад ар ҳамто,
Дар саховат яке гулистон аст.
«Чашмаи меҳр» чашмаи ҷон аст,
Ҳодии кўдаки дабистон аст.
Ҷашни мавлуди он муборак бод,
Ки санохони Тоҷикистон аст.
ЧЕВАРДУХТАРАК
Чевардухтарак, ситораи гардунӣ,
Дар силки ҳунар ягонаю бечунӣ.
Ман садқаи дастони ҳунарманди туям,
Ҳаққо, ту зи хуршеди фалак афзунӣ.
Некўахтарон,
Чевардухтарон!
Мафтуни ду дасти оламорои туям,
Дар ҳасрати ду зулфи сумансои туям.
Рўймолчаи гулдўзӣ ба ман тўҳфа намо,
Азбаски асири қади болои туям.
Некўахтарон,
Чевардухтарон!
7
Рўзномаи идораи маорифи шаҳри Панҷакент.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё