ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Худоё, лутфи ту беҳад зиёд аст,
Макун ту аҳли муслимро парешон.
Ба ёди зодагони хеш ҳаргиз
Сиришки талхи модарро марезон.
СОҲИБИ СИНО МАНАМ
Ҷавоб ба Ксения Собчак
Баски бар дашном одат кардаӣ,
Миллати моро ҳақорат кардаӣ.
Эй тиҳиандешаи бемағзи дун,
Бегуноҳеро надомат кардаӣ.
Як нафас бар ҳарфи қалбам гўш дор,
Аз худу аз таърихи худ ёд ор.
Ҳеҷию аз ҳеҷ пайдо гаштаӣ,
Ҳастӣ чун саг пеши ман беэътибор.
Хондаӣ ту кафтари белонаам,
Гушнаам, андар суроғи донаам.
Ту забони хешро бар ком каш,
Чунки соҳибдавлату фарзонаам.
Андар олам соҳиби Сино манам,
Посдори рўҳи Мавлоно манам.
Тўли асли ман кашад то Коюмарс,
Соҳиби мулки биҳиштосо манам.
Нафратат созам ба ҳар як дил задан,
Бар даҳонат мезанам мушти сухан.
Оқибат аз ҳарзаҳои хештан,
Мешавӣ шарманда андар анҷуман.
СУРУДИ ДАЪВАТШАВАНДА
Шодам, ки ҷавонам ман,
Фарзанди замонам ман.
Бо нерўи созанда,
Чун баҳри дамонам ман.
Сарбози Ватан гардам,
Ҳамрози Ватан гардам.
Болам ман аз иқболаш,
Аз тобиши аъмолаш,
Хонам ҳама вақт пур аст
Аз кулчаи ширмолаш.
Сарбози Ватан гардам,
Ҳамрози Ватан гардам.
Меҳан гули армон аст,
Ширин шакаристон аст,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё