Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Сабрина, зи ҳоли зори ман пурс,
Аз ҳасрати бешумори ман пурс.

Дар ёди ту лаҳзае нахобам,
Ҷуз васли ту давлате накобам.
Напсандӣ маро, ки зар надорам,
Як бор нигар ба қалби обам.
Сабрина, зи ҳоли зори ман пурс,
Аз ҳасрати бешумори ман пурс.

Сабрина, ту духти пурғурурӣ,
Дороӣ, зи ман ту ҷўи дурӣ.
Дар ёди ту ман зи по фитодам,
Аз ман ту маҷў дигар сабурӣ.
Сабрина, зи ҳоли зори ман пурс,
Аз ҳасрати бешумори ман пурс.

Як бор, биё, қарори дил шав,
Шамъи хуши шоми тори дил шав.
Аз ҳаҷри ту гар хазонам имрўз,
Лутфе бинамо, баҳори дил шав.
Сабрина, зи ҳоли зори ман пурс,
Аз ҳасрати бешумори ман пурс.

СИРИШКИ ТАЛХИ МОДАРРО МАРЕЗОН

Худоё, рўи ободӣ набинад,
Касе, ки душмани аҳли башар шуд.
Паи қатли халоиқ гар қадам монд,
Ниҳоли орзуяш бесамар шуд.

Чаро буддоӣ хуни халқ резад,
Ба муслим душман аст андар Мянмор.
Ба оташ афканад буддоии шум,
Занону кўдакону тифли бемор.

Надорад раҳм андар синаи хеш,
Бувад аз гург ҳам хунрезу малъун.
Ба тифлони ятиму бепарастор,
Надорад раҳм ин бадроҳаи дун.

Бинозад аз забардастӣ ба олам,
Бинўшад хуни чандин бегунаҳро.
Мусулмон то ба кай бар ҳам ситезад?
Нагирад пеши роҳи ин гунаҳро.

Нагиряд дар сари наъши мусалмон,
Надўзад дида бар аҳволи модар.
Наандешад зи фармони Худованд,
Ки хонад ҷамъи муслимро бародар.

пешина
аз 103
навбатӣ