ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Барои Саломат Зоҳирова
То ҷаҳон бошад, ту бошӣ дар ҷаҳон,
Эй Саломат, хоҳари ширинзабон.
Чашмаи иқболи ту дар ҷўш бод,
Рўи роҳат то абад гулпўш бод.
Бошӣ андар ҳалқаи ёрони хеш,
Болӣ аз пайванду ғамхорони хеш.
То саду як соли дигар зинда бош,
Баъд аз он бар ҷониби сад кун талош.
Бод ҳар солат пур аз шодию нур,
Доимо дар зиндагӣ ёбӣ ҳузур.
Ҷашни мавлудат муборак бод, бод!
Шодии қалбат қаторак бод, бод!
ЭЙ ХОҲАР
Эҳдо ба посдори забони тоҷикӣ дар шаҳри Самарқанд,
олимаи тавоно Аминабону Шарофитдинова
Дар дилу дидагонӣ, эй хоҳар!
Бонуи хушзабонӣ, эй хоҳар!
Он қадар дилрабою маҳбубӣ,
Ҳамчу оби равонӣ, эй хоҳар!
Дар Самарқанди бостон имрўз,
Посдори забонӣ, эй хоҳар!
Шамъи илм аз ту мешавад равшан,
Ганҷе аз қаъри конӣ, эй хоҳар!
Боз кардӣ дари умедамро,
Ахтари Каҳкашонӣ, эй хоҳар!
Мақсадат ҷуз ривоҷи миллат нест,
Мушфиқи тоҷиконӣ, эй хоҳар!
Солҳои дароз дар ҳар гом,
Ҳамдами орифонӣ, эй хоҳар!
Гўиё Гурдофарид ҳастӣ,
Шохаи бехазонӣ, эй хоҳар!
Зинда монӣ ту солҳои дароз,
Ҷой дар мағзи ҷонӣ, эй хоҳар!
ДИДОР
Баъди 46-соли хатми мактаби миёна ба дидори муаллими адабиётам Ҳусниддини Зулфони самарқандӣ расидам.
Дар дилам ормони рўи ту буд,
Дидамат баъди солҳои дароз.
Зинда бошӣ ту, эй хазинаи меҳр,
Бар дарат мениҳам ҷабини ниёз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё