Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ёдам ояд, ки солҳое пеш,
Дарси ту раҳнамои ҳолам буд.
Ҳар куҷо пои хеш мемондам,
Панди неки ту дар хаёлам буд.

Дарси мардию одамӣ аз ту,
Мегирифтам ҳамеша, эй устод.
Ҳеҷ гоҳ лаҳни дилнавози ту,
То ба мурдан намеравад аз ёд.

Байтҳои нахусти ашъорам,
Бо каломи ту мешуданд эҷод.
Бар ту тақлид менамудам ман,
Менамудӣ барои ман иршод.

Гар ман имрўз шеър мегўям,
Шеъри аввал ба номи ту гуфтам.
Дар хаёлам ба коргоҳи назм,
Дурри маънӣ ба номи ту суфтам.

Ибтидои ту ибтидоям шуд,
Ганҷи беинтиҳоӣ, эй устод.
«Эътиқод»-ат6 ба даст овардам,
Бошию бошӣ то абад дилшод.

АЗ ҒАМАТ ДИЛФИГОРАМ, ЭЙ КОБУЛ!

Аз ғамат дилфигорам, эй Кобул!
Тоқати ғам надорам, эй Кобул!
Дар ғами тифлакони хунолуд,
Хастаю бемадорам, эй Кобул!
То ба кай ҷавр, то ба кай таҳқир?
Бурдӣ аз дил қарорам, эй Кобул!
Дар Мазорат кушанд тифлонро,
Дар Ҳиротат ғуборам, эй Кобул!
Рехт хуни ҳазор Масъудат,
Кишвари бебаҳорам, эй Кобул!
Дар азою фироқи ҳамиллат,
Доғ дар сина дорам, эй Кобул!
Дар Бадахшон чу лаъл хунинам,
Тоби ҳасрат надорам, эй Кобул!
Рустаме ку, ки рў ба разм орад,
Дар Самангон шикорам, эй Кобул!
Ку санамҳои Бомиёни ту?
Дар фиғон чун ҳазорам, эй Кобул!
Дида нақши замин арўсонро,
Рўзу шаб ашк борам, эй Кобул!
Додӣ аз даст журналистонат,
Бин, ту аҳволи зорам, эй Кобул!

6
Ишора ба маҷмўаи ашъори Ҳусниддин Зулфонов

пешина
аз 103
навбатӣ