ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Ба таърихи ҳунар ҳамчун Накисо,
Ҳамеша дар сари дафтар бимонӣ.
Ту чун фарди Худододӣ ба олам,
Туро дар панҷа осори ҳунар ҳаст.
Адиби нуктадони баркамолӣ,
Ба ҳар ҷо ҳамраҳат боли зафар ҳаст.
Бизӣ осуда, эй марди накуном,
Ҳамеша, ҳар нафас бо мухлисонӣ.
Ба майдони ҳунар ҳамто надорӣ,
Ҳунар пирӣ надорад, ҷовидонӣ.
ЭЙ АТОИ МИРХОҶА
Эҳдо ба эҷодкори асил
Шоири ҷаҳондида,
Эй Атои Мирхоҷа.
Ҳастӣ дар дилу дида,
Эй Атои Мирхоҷа.
Лаъл дар Бадахшонӣ,
Сим дар Зарафшонӣ,
Марди кори майдонӣ,
Эй Атои Мирхоҷа.
Хушсиришту хушномӣ,
Хушкалому оромӣ,
Беҳ зи бодаю ҷомӣ,
Эй Атои Мирхоҷа.
Субҳи босафо ҳастӣ,
Шеъри ҷонфазо ҳастӣ,
Тори хушсадо ҳастӣ,
Эй Атои Мирхоҷа.
Чун ҷабини бечинӣ,
Оламию рангинӣ,
Раҳрави дилу динӣ,
Эй Атои Мирхоҷа.
Қалби ту бувад беғаш,
Шеъри ту бувад дилкаш,
Гармрўи чун оташ,
Эй Атои Мирхоҷа.
Чашмаи хурўшонӣ,
Ҷон наию беҳ з-онӣ,
То ба сад ба мо монӣ,
Эй Атои Мирхоҷа.
ТО ҶАҲОН БОШАД..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё