Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хубу беҳамтостӣ, Раънои мо,
Дилкашу зебостӣ, Раънои мо.
Ташнагонро мебарӣ бар ҷўи об,
Пургуҳар дарёстӣ, Раънои мо.
Олами фарҳанг аз ту дилрабост,
Дар дили мо ҷостӣ, Раънои мо.
Накҳате3 гар рафт аз даҳри дудар,
Накҳати бўёстӣ, Раънои мо.
Гуфта будам, нест Дилшоде4 дигар,
Пайрави Барностӣ, Раънои мо.
Сарв бинад қоматат гардад хиҷил,
Шохаи раъностӣ, Раънои мо.
Истаравшан болад аз ҳастии ту,
Пурсахо саҳростӣ, Раънои мо.
Бурдаӣ чун гўй аз мурғи чаман,
Булбули гўёстӣ, Раънои мо.
Ганҷи маънию сухан5 оростӣ,
Зеби ҳар маъвостӣ, Раънои мо.
Ҷо кунӣ дар синаҳо «Шоҳнома»-ро,
Оқилу доностӣ, Раънои мо.
«Маснавии маънавӣ» ҳодии туст,
Духтари Мавлостӣ, Раънои мо.
Бар ҳама осори зебои ниё,
Ошиқи шайдостӣ, Раънои мо.
Ҳастӣ болотар ту аз пиндори ман,
Гавҳари волостӣ, Раънои мо.
Номи ту бо сидқ орам бар забон,
Нахли побарҷостӣ, Раънои мо.
Бо китоби шеърҳои дилкашат,
Машъали фардостӣ, Раънои мо.

ҲУНАР ПИРӢ, НАДОРАД ҶОВИДОНӢ
Эҳдо ба ҳунарманди беҳамто Ҳошим Гадо

Агар мебуд Фирдавсӣ ба даврон,
Ба поят пош додӣ дуру марҷон.
Агар Исмоили Сомонӣ мебуд,
Ба ту мешуд, ба ту мешуд, санохон.

Ҳуарманди асили бебаҳоӣ,
Ту Сўҳробӣ, ба қаъри сина ҷоӣ.
Ба Эдип додӣ ту таълими мардӣ,
Аз ин рў шўҳра чун Ҳошим Гадоӣ.

Зи дасти Пешво бигрифтӣ унвон,
Писанди хотири хурду калонӣ.

3 Ишора ба Комилхоҷа Накҳат
4 Ишора ба Дилшоди Барно
5 Ишора ба «Ганҷи ороста»

пешина
аз 103
навбатӣ