Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Амон, ин ҷоду аз виҷдони ман дигар чӣ мехоҳад?

Чашмак – навозиши чашм, маънидорона бо чашм ишора кардан.
Ҳамдаст – шарик, ҳамроҳ, ҳамкор.
Рақиб – ҳариф, душман, муборизабаранда.
Амон – тинҷӣ, осоиш, амну амон, зинҳор, паноҳ, наҷот.
Ҷоду – сеҳр, афсун, соҳир, чашми ҷозибадор.
Маҳсули байт: Маъшуқ бо гўшаи чашм ишора менамояд, ки ман ҳам ҳамдасти хоинон гардам ва ба халқу Ватан хиёнат намоям, вале ман фирефтаи сеҳри ҷодугаре нахоҳам гашт ва амон мехоҳам, ки то дар банди фиреби касе наафтам ва номи хоиниро ба худ касб нанамоям.

Байти панҷум:

Зи бас пушти сарам бад гуфт, ҷононро бурид аз ман,
Рақиби бешараф аз ҷони ман дигар чӣ мехоҳад?

Пушти сар – дар ғайб, аз қафо.
Бурид – қатъ кардан.
Бешараф – бевиҷдон, беору номус, бешарму ҳаё, беиззат, беобрў.
Маҳсули байт: Шоир дар ин байт изҳор медорад, ки чандин бешарафи хоин дар ҳама ҷо дар ғайби ў номашро ба бадӣ мебаранд ва барои дар чашми хоҷагонашон, импералистони ғосиб худро бо туҳмати дигарон ширин менамояд. Онҳо маро аз ҷонон буриданд ва ба мақсади ниҳоии худ расиданд, акнун, ки ман ғарибу дур аз Ватанам, дигар аз ман чӣ мехоҳад?

Байти шашум:

Асирам карду болам канду поям басту роҳат шуд,
Фиғон, сайёд аз бўстони ман дигар чӣ мехоҳад?

Асир – гирифтор, побанд, мутеъ.
Бол – қанот, иқтидор, тавон, қувват.
Роҳат – осоиштагӣ, осудагӣ, истироҳат.
Фиғон – нола, зорӣ.
Сайёд – сайдкунанда, шикорчӣ.
Бўстон – боғи сабзу хуррам, гулистон, гулзор.
Маҳсули байт: Сайёд ба орзуи худ расид ва маро гирифтор намуд, болҳоямро канд, поямро баст ва бояд акнун роҳат мешуд, вале ў зулм ва ситами худро идома медиҳад, то ки Ватани маро ба харобазор мубаддал намояд.

Байти ҳафтум:

Тамоман обрўям рехт аз дасти ҳавасҳояш,
Намедонам, дили нолони ман дигар чӣ мехоҳад?

Тамоман – пурра, комилан.
Обрў – эътибор, иззат, шараф.
Ҳавас – орзу, майл, иштиёқ, ҳавас.
Нолон – нолидан, нолишкунон, бо оҳу воҳ.

пешина
аз 103
навбатӣ