МАКТАБИ СИЁСИЮ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ– ЧАРОҒИ РОҲИ РУШДУ ТАРАҚҚӢ

Бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 29 саҳифа
Аммо Эмомалӣ Раҳмон бо қудрати иродаву ҳиммати худ – ба хотири саодати миллионҳо инсонҳои муштоқи зиндагии орому осуда – ин кори тақрибан нашуданиро анҷом дод.
Оре, ин фарзанди диловару шуҷои халқ ба ҳукми сиришти поки миллӣ ва ғайрати инсонии хеш барои ҳифзи обу хок ва шарофати сарзамини аҷдодӣ аз худ қаҳрамонӣ нишон дод. Қаҳрамоние, ки назирашро баъд аз амирони Сомонӣ касе нишон надода буд.
Дар зиндагӣ инсонҳои қодир ба корҳои муъҷизагунро маъмулан шахсиятҳои истисноӣ меноманд. Дар ин росто худ ба худ пурсишҳое ба миён меоянд, ки Эмомалӣ Раҳмон чӣ тавр тавонистааст ин ҳама истеъдодҳо ва тавоноиҳоро ба даст оварад ва дар як давраи кўтоҳе ба сиёсатмадори барҷаста табдил гардад? Яъне рози қудрати маънавӣ ва пешрафтҳои ин абармарди сиёсат дар чист? Посухи ин пурсишҳоро дар шахсият ва сирати Пешвои барўманди миллат метавон пайдо кард.
Пешвои миллат шахсиятест бисёр неруманд, қавӣ ва устувор дар муқобили мушкилиҳо. Ў инсони дорои сароҳат дар гуфтор, садоқат дар қавлу амал, матину фидокор дар хидмат кардан ба мардум мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ватанпарасти матин ба болотарин маънои воқеии ин калима аст. Рў овардани ў ба сиёсати бузург бо ҳамин ҳисси поки ватандўстиаш вобаста аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё