МАКТАБИ СИЁСИЮ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ– ЧАРОҒИ РОҲИ РУШДУ ТАРАҚҚӢ

Бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 29 саҳифа
Дар шароите, ки кишвар ғарқ дар буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодиву иҷтимоӣ буд, Эмомалӣ Раҳмон ибрози омодагӣ кард, то зимоми роҳбарии ҷумҳуриро ба дасти худ гирад. Вай ба хотири саодати мардум, барои поён додан ба ҷанги хунини ҳамватанӣ, ки ҳамарўза ҷони садҳо мардуми бегуноҳро ба коми хеш фурў мебурд, розӣ буд, ки ба ҳама гуна сахтӣ тоб оварад, фидокор бошад, ҷонашро ба хатар гузорад.
Андаке бештар аз ñå даҳаи роҳбарии ин сиёсатмадори фараҳманд саропо фидокориҳоест ҳамарўза ва ҳамасоата.
Зеро танҳо бо фидокорӣ мумкин буд – бо имкониятҳои ночиз – дар муддати замони кўтоҳ корҳои бузургро анҷом дод.
Танҳо бо фидокорӣ мешуд киштии тўфонзадаи Тоҷикистонро аз миёни талотумҳои хашину бераҳми ҳаводис гузаронд ва ба соҳили амну наҷот расонд. Танҳо бо фидокорӣ мешуд дар зеҳну шуури мардуми кишвари ҷангзада эҳсоси ҳамбастагию ваҳдати иҷтимоиро бедор кард, афроди миллатро ба шинохти вазифаю масъулиятҳояшон водор сохт ва неруи халлоқи онҳоро барои таъмини саодати халқи кишвар сафарбар намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё