Зеҳн
МАКТАБИ СИЁСИЮ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ– ЧАРОҒИ РОҲИ РУШДУ ТАРАҚҚӢ

Бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 29 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Пешвои миллат таҷассуми мардонагию шуҷоат мебошад. Мардонагию шуҷоат ва рӯҳияи вазифашиносӣ ўро ба мақоми волои инсонию сиёсие, ки имрўз дар кишвар ва ҷаҳон дорад, расондааст. Вақте ў розӣ шуд, ки роҳбарӣ ба кишварро бар уҳда гирад, ин корро ҷузъе аз вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандӣ ба ҳисоб овард. Вай худогоҳона медонист, ки ба чӣ роҳ рафтааст ва чӣ масъулияти сахту сангинеро бар дўш ниҳодааст. Мефаҳмид, ки дар кишвари гирифтори ҷангу таҷаммуи силоҳ ва, илова бар ин, дар сурате ки «ҷиноҳи ҳарбӣ»-и неруҳои зиддидавлатиро асосан авбошону террористон ташкил медиҳанд, ҳар лаҳза метавонад ҳадафи сўиқасд қарор гирад. Аммо ў аз марг наметарсид, зеро вай чунин меҳисобид, ки зистан бидуни талош баҳри наҷоти ҷони дигарон бадтар аз марг аст.
Эмомалӣ Раҳмон бузургмардест бо ҳувияту қудрати азим ва қодир ба фаъолияту иқдомҳои бузург. Ҳар масъулиятеро, ки ба уҳда мегирад, бо ҷиддияти беназире пайгирӣ кардаву ба анҷом мерасонад. Пешвои миллат ба далели ин хусусияти шахсиятии худ тавонистааст Тоҷикистонро аз як кишвари маҳаллию заиф, ки дар арсаи байналмилалӣ танҳо чун як кишвари гирифтори низоҳои дохилӣ шуҳрат дошт, ба як қудрати босуботи минтақавӣ табдил кунад ва соҳиби обрўю эътибор гардонад. Тоҷикистон дар партави сиёсати оқилона ва ҳадафмандонаи Пешвои миллат ба пешрафтҳои чашмгир ва ҳамаҷониба даст ёфта, имрўз марҳалаи омодагӣ ба дигаргуниҳои бузургро аз сар мегузаронад.
Пешвои шарофатманди миллати тоҷик пешоҳанг ва сармашқ дар ҳамаи иқдомҳо ва фаъолиятҳои зиндагисоз дар кишвар аст – чи дар нақшасозиву барномарезиҳо ва чи дар иҷрои онҳо – ва бо фурўғи бовару имони худ ба амалӣ гаштани ҳатто баландпарвозонатарин нашқаҳову барномаҳову ҳадафҳо роҳи мардумро дар масири расидан ба манзили орзуҳо равшан месозад.

пешина
аз 29
навбатӣ