МАКТАБИ СИЁСИЮ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ– ЧАРОҒИ РОҲИ РУШДУ ТАРАҚҚӢ

Бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 29 саҳифа
– ҳамаи инҳо фақат намунаҳое аз фаъолиятҳоянд, ки акнун дар ҳавзаҳои мухталифи ҳаёти кишвари мо дар ҷараён мебошанд, то ин ки дар ояндаи наздик Тоҷикистон ба яке аз мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил ёбад.
Эҳтиёҷе ба зикр кардан нест, ки ҳамаи ин дастовардҳои бузург бештар аз ҳама ва пештар аз ҳама ба шарофати пайванди рӯҳию маънавии Пешвои миллат бо мардуми мамлакат ба вуҷуд омадаанд. Пайванде, ки аз дер боз бар пояи эътимод бино шудаву аз соле ба соле рў ба афзунӣ аст.
Зеро агар роҳбари кишваре мавриди эътимоди миллати хеш бошад, метавонад – бо такя ба ҳайсияту нуфузи маънавии худ – даст ба иқдомҳои бузург бизанад ва дар корзорҳои васеи созандагӣ пирўз гардад.
Ин, ки Эмомалӣ Раҳмон тавонист Тоҷикистони нобасомон аз ҷангу қатлу ғорату таҷовуз ва бо дастгоҳҳои идории амалан нокоромади сароғози истиқлолиятро ба кишвари бонизому босубот ва омода ба пешрафтҳои босуръат табдил диҳад;
ин, ки иқтисоди дар асари ҷанг харобгаштаву ба даҳсолаҳо ақибафтодаро эҳё намудаву дар масири рушду тараққӣ гузорад;
ин, ки ҷомеаи аз лиҳози иҷтимоӣ сусту заифу бемор ва аз нигоҳи ақидатӣ шикастхӯрдаю парешонро дармон кардаю ба ваҳдату ҳамдилӣ расонад;
ин, ки мардуми хаста аз ҷанг ва рӯҳафтодаю маъюсро ба инсонҳои боангеза мубаддал кардаву дар дили онҳо умед ба ояндаи некро бедор созад, дар ҳақиқат муъҷиза аст.
Муъҷиза аз ин ҷиҳат, ки бисёриҳо, чи дар дохил ва чи берун аз кишвар – бовар намекарданд дар мамлакате, ки шумори қобили таваҷҷуҳе аз мардумаш бо иғвою дасисаи бадхоҳони миллат ба гирдоби ҷанги бародаркушӣ афтодаву фарзандони як падару модар ба ҷони ҳамдигар дарафтодаанд; дар ҷомеае, ки бар асари таблиғоти душманон дар он фазои хусумату бадбинӣ ҳукмрон аст; дар сарзамине, ки ҷавлонгоҳи неруҳои аҳриманӣ шудаву кори ин неруҳои сиёҳ ба парокандагию ошуфтагию бегонапарастӣ кашондани миллат аст, касе қудрати онро дошта бошад, ки назму тартибу қонун ва оромишу амнияту суботро барқарор созад ва – ба ин васила – миллату кишварро аз марги яқин наҷот бидиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё