МАКТАБИ СИЁСИЮ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ– ЧАРОҒИ РОҲИ РУШДУ ТАРАҚҚӢ

Бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 29 саҳифа
Сипас барои он бо Эмомалӣ Раҳмон ба мубориза бархостанд, ки мехостанд ўро аз саҳнаи сиёсат дур андозанд, то ба ин васила пеши ҷараёни солимсозии вазъи сиёсию ҷамъиятиро, ки бо тадбиру иқдомҳои ин сиёсатмадори матин беш аз пеш ба суръаташ афзуда мешуд, бигиранд, Тоҷикистонро дигарбора оғўшта ба хоку хун кунанд, андешаҳои вопасгароёнаи худро ба миллати бофарҳанги тоҷик таҳмил намоянд ва кишварро ба фалокату бадбахтӣ бикашонанд.
Ва саранҷом Эмомалӣ Раҳмон ба пирўзӣ расид! Барои он ба пирўзӣ расид, ки дар ҳамаи кораш, ҳамаи иқдомаш ва азму талошаш ба ду омил – қудрати мардум ва тавоноиҳои фардии худ – такя кард.
Ҳамин такя ва бовар ба мардуми меҳан ва тавоноии дарунии хеш ба Эмомалӣ Раҳмон дар фаъолияти сахту душвораш дар роҳи расидан ба ҳадафҳову ормонҳои поку воло ба хотири саодату хушбахтии миллат шуҷоат, устуворӣ ва мардонагӣ бахшид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё