МАКТАБИ СИЁСИЮ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ– ЧАРОҒИ РОҲИ РУШДУ ТАРАҚҚӢ

Бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 29 саҳифа
Ва саранҷом ў пирўз мегардад». Ба дурустии ин суханҳои Маҳатма Гандӣ мо дар мисоли роҳбари сиёсии кишварамон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон – бовар пайдо кардаем.
Дар аввалҳо барои ин ба Эмомали Раҳмон таваҷҷӯҳ намекарданд, ки мепиндоштанд зери бори вазнини мушкилоти зиёди тақрибан ҳалнопазири сиёсию ҳарбию иҷтимоӣ ё худаш ба зудӣ аз мансаби сарвари давлат даст мекашад ва ё ўро маҷбур мекунанд, ки ба истеъфо равад. Зеро шоҳиди он буданд, ки дар тўли як давраи кўтоҳе пас аз ба истиқлол расидани кишвар ду Президенти ҷумҳурӣ, чаҳор Раиси Шӯрои Олӣ ва панҷ Ҳукумат барканор шуданд.
Илова бар ин, авзои кишвар аз вазъияти як сол пеш бамаротиб печидатар ва шароит сахттар гашта буд.
Баъдан ба Эмомалӣ Раҳмон ба ин сабаб бо тамасхур менигаристанд, ки медиданд ин сарвари ҷавон дар вазъияте, ки кишвар ҳанўз дар гирдоби ҷангу хунрезӣ даступо мезад, даҳҳо ҳазор одамон бехонаю сарпаноҳ мондаву садҳо ҳазор ҷилои Ватан карда, дар мулкҳои бегона овора буданд, бо хушбоварии фавқулода аз сулҳу оштӣ, ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ, ояндаи дурахшони кишвар ва дигар ҳадафҳои бузург сухан мегуфт. Дар он рўзҳо барои бисёриҳо тасаввури чунин ҳадафҳо воқеан ҳам душвор буд, зеро мепиндоштанд, ки ин ҳадафҳои бузург дастнаёфтанӣ мебошанд. Ҳатто баъзе аз онҳое, ки дар сохторҳои муҳими идораи давлат фаъолият мекарданд, ба фарҷоми муваффақиятомези иқдомҳои роҳбари давлат чандон бовар надошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё