МАКТАБИ СИЁСИЮ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ– ЧАРОҒИ РОҲИ РУШДУ ТАРАҚҚӢ

Бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 29 саҳифа
Вақте Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардид, на таҷрибаи кофии сиёсӣ дошт, на бар маҳфилҳои бузурги сиёсатмадорони ҷаҳон ворид буд, ки бо шахсиятҳои варзида маслиҳату машварат кунад, ва на узви ҳизби қудратманде буд, ки бар хатти он такя намояд. Такягоҳи ў танҳо мардуми кишвар буд. Ҳимояту пуштибонии мардум, ҷалби эътимоди онҳо, корбасти тавонмандиҳо ва неруи лоязоли халқ барои ҳаллу фасли хостаҳою ниёзҳои ҳаётии ҷомеа ба Эмомалӣ Раҳмон кумак карданд, то ҳамаи тадбирҳо ва иқдомҳои сулҳсозона ва зиндагисозонаи худро бомуваффақият ба ҳадаф расонад.
Дар такя ба мардум Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун фарзанди падару модари заҳматкаш, парвардаи обу хок ва муҳити меҳнату машаққати кишоварзон, халқро, ба маънои комили ин вожа, мешинохт ва онро қудрати бузург медонист. Ў муддатҳо пеш аз ба сиёсат рўй овардан ба чунин ақида расида буд, ки агар роҳбари сиёсии тавонманду доное ба саҳна ояд ва тавонад, ки дар партави роҳу равиши равшан мардуми кишварро дар атрофи худ муттаҳид созад, ин мардуми ватандўст, заҳматкаш ва бономусу шараф қодир аст Тоҷикистонро ба кишвари пешрафтаю ободу шукуфо табдил диҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё