МАКТАБИ СИЁСИЮ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ– ЧАРОҒИ РОҲИ РУШДУ ТАРАҚҚӢ

Бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 29 саҳифа
Ба ҳамин сабаб аст, ки мардуми кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ҳомии худ, роҳбари фарёдрасу ҳақбин, додгустару адолатпеша ва наҷотдиҳандаи давлату мамлакат медонад. Ва ҳақшиносона ба ў меҳр меварзанд ва ҳам дар ҳузураш ва ҳам дар ҳар мавриди дигар «Пешво»-яш ном мебараíд.
Мактаби Пешвои миллатро – бо таваҷҷуҳ ба аҳамияту арзишаш – ҳамчун як роҳнамои назарӣ ва амалӣ метавон сармояи тамомнашавандаи миллӣ номид.
Сармояе, ки миллати тоҷик бо доштани он тавонистааст монеаҳои душвореро, ки дар сари роҳи расиданаш ба ормонҳои муқаддаси бунёди давлатдории миллӣ қарор доштанд, паси сар кунад. Соҳиби иқтидор, пешрафт, ғурури солиму шарофати миллӣ гардад. Ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон устувор созад.
Сармояе, ки Пешвои миллат дар шакли мактаби сиёсии худ барои кишвар ва миллати мо захира кардааст, як сармояи таърихию ҳаётӣ аст. Зеро раҳнамудҳои ин мактаб барои як замон нестанд ва дар ҳамаи давронҳо метавонанд роҳкушо бошанд. Инҳо дарсҳои арзишманде ҳастанд, ки Пешвои барўманди мо дар тўли солҳо аз таҷрибаи роҳбарӣ бар кишвар, аз бархӯрдҳо бо мухолифони давлат дар саҳнаҳои хатарнок, аз мушорикату ҳамкорӣ дар доираҳои бузурги сиёсати ҷаҳон ва аз талошҳои хастагинопазир дар амри дифоъ аз манфиатҳои кишвар ҳосил кардааст. Вазифаи мо – насли имрўзу фардо
–ин аст, ки ин сармояро бо диққату эҳтиёти тамом нигаҳбонӣ кунем ва суди ин сармояи арзишмандро барои пешрафти имрўзу ояндаи кишвар ба кор гирем.
Аз он чӣ дар ин саҳифаҳо гуфта шуд, метавон натиҷа гирифт, ки муҳимтарин омилҳое, ки боис шудаанд имрўзҳо Тоҷикистони азизи мо дар шароити сулҳу суботи пойдор ба таври итминонбахш ба сўи ояндаи дураõшони хеш қадам мезанад, хусусиятҳои шахсиятӣ ва мактаби сиёсии Пешвои барўманди миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё