МАКТАБИ СИЁСИЮ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ– ЧАРОҒИ РОҲИ РУШДУ ТАРАҚҚӢ

Бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 29 саҳифа
Рози пешрафтҳои Тоҷикистон низ дар ҳамин аст, ки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон тавонист на танҳо давлатдории навини тоҷиконро поягузорӣ намояд ва дар кишвар таҳаввули бунёдии сиёсию иҷтимоию фарҳангӣ баргузор кунад, балки зербинои парвариши имкониятҳо ва тавоноиҳои рӯҳию маънавии инсонҳоро ба вуҷуд оварад. Ва муҳимтарин омили тарбияи ахлоқию маънавии ин мактаб ба сифати намунаи ибрат қарор гирифтани одобу рафтори ҳасанаи Пешвои миллат аст. Дилбастагию муҳаббати ҳақиқӣ ба аслу решаи миллати хеш ва садоқат ба Модар-Ватан, хидмати холисона ба халқ, дўст доштану меҳрубон будан ба дигарон, шитофтан ба ёрии кўдакони ятиму бепарастор, ғамхории пайваста ба пиронсолону камбизоатон на танҳо баёнгари рӯҳи меҳрубонии падарона, дилсўзӣ ва омодагии ҳамешагии Пешвои миллат дар осон кардани мусибату мушкилот дар ҷомеа ҳастанд, балки низ дарсҳоянд, ки барои такомули маънавии афроди миллат хидмат мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё