Зеҳн
МАКТАБИ СИЁСИЮ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ– ЧАРОҒИ РОҲИ РУШДУ ТАРАҚҚӢ

Бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 29 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Тасвире аз як пешвои миллии воқеӣ комил нахоҳад буд, агар таъкид нагардад, ки меҳваритарин нақшу рисолати роҳбари сиёсӣ, ки ўро ба пешво табдил медиҳад, муаллиму мураббии маънавии ҷомеа ва низ соҳибмактаб будани ўст.
Хушбахтона, бо лутфи Худованд Пешвои миллати тоҷик аз тамоми хусусиятҳои зикршуда ва дигар сифатҳои лозим барои як роҳнамои шоистаи ҷомеа баҳраманд аст. Ва низ боиси қаноатмандист, ки Пешвои миллати мо дар тўли солҳои роҳбарии шуҷоона, устодона ва дурбинонаи хеш – бо такя ба фикри равшан, сиришти хирадмандона, хислатҳои волои ахлоқию инсонии хеш – мактаби сиёсии худро поярезӣ кард. Мактаберо, ки пайравӣ аз он асоситарин ниёзи кишварро, ки ҳаройина ба вуҷуд овардани рӯҳияи умед ба оянда, сарфарозӣ ва эҷоди худбоварӣ дар зеҳну шуури афроди миллат аст, мебарорад.
Зикри ин нукта зарур аст, ки мактаби Пешвои миллат на танҳо маҷмуе аз паёму баёну раҳнамудҳост, балки ҳамчунин намоде аз шахсияти бисёрҷонибаи Сарвари давлати тоҷикон аст.

пешина
аз 29
навбатӣ