Зеҳн
МАКТАБИ СИЁСИЮ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ– ЧАРОҒИ РОҲИ РУШДУ ТАРАҚҚӢ

Бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 29 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ба шарофати ин ду омил – хусусиятҳои шахсиятӣ ва мактаби сиёсии Пешвои миллат – шаҳрвандони кишвари мо дар симои Эмомалӣ Раҳмон на танҳо роҳбари сиёсӣ, балки ҳамчунин раҳнамои маънавии худро пайдо намуданд, ҳидоятҳои ўро ҳамчун хатти равшани зиндагии худ баргузиданд, худро мухлису пайрави содиқи ин сарвари меҳанïарасту фидокор ба ҳисоб оварданд.
Ҳар қадар замон аз рўзҳои баргузории иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шӯрои Олӣ мегузарад, бештар аён мегардад, ки Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои бузурги таърихи муосири миллати тоҷик ва поягузори давлатдории навини Тоҷикистон, абармарде, ки аз миёни мардум бархостааст, – андешае ба ҷуз Тоҷикистон, ҳадафе ҷуз сарфарозии тоҷикон, вазифае ҷуз хидмат ба кишвару миллати хеш надорад.
Инак, беш аз 33 сол аст, ки миллати тоҷик бо бархӯрдорӣ аз ïайванди ногусастании худ бо Пешвои миллати хеш дар роҳи шукӯҳманди созандагию офаринандагӣ қадам мезанад. Ва яқин аст, ки ҳаракати ў дар ин роҳ ба таври пирўзмандона идома хоҳад ёфт ва дар кўтоҳ замоне ҷойгоҳи Тоҷикистон дар сафи миллатҳои сарфарози ҷаҳон муайяну мустақар хоҳад шуд.
Ин китоб бо кумаки спонсории шаҳрванди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ходими муваффақи ҷамъиятии диаспораи тоҷик дар минтақаи Урали Федератсияи Россия Ҷӯраев Суҳроб Тӯйчиевич чоп шудааст.

пешина
аз 29