МАКТАБИ СИЁСИЮ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ– ЧАРОҒИ РОҲИ РУШДУ ТАРАҚҚӢ

Бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 29 саҳифа
Оё танҳо тавоноӣ дар идораи кишвар ва доштани истеъдоди муттаҳид сохтани халқ боис мешавад, то роҳбари сиёсӣ аз ҷониби мардум ба сифати пешво пазируфта шавад? Аслан киро пешво мегўянд ва фарқ миёни ў дигар роҳбарони сиёсӣ чист? Пешвои воқеӣ дорои чӣ вижагиҳоест?
Нахуст бояд гуфт, ки пешво унвон, вазифа ва мансаб нест. Балки рисолат аст.
Рисолатест, ки халқ бо таваҷҷуҳ ба истеъдодҳои фаровонаш дар ҷанбаҳои гуногун ба ў вогузоштааст.
Кору заҳмати пешво сахту тоқатфарсост ва ҳар кас ба ин мақом лоиқ намеояд. Пешво будан доштани чашми тамомбин, қалби тамомшинос, шуҷоату қудрату гузашт ва, бавижа, иродаю саховати тамомбахшро мехоҳад.
Зеро Пешво будан маънои худро битамом ва бечуну чаро ба манфиатҳои кишвар ва миллат тобеъ карданро дорад.
Пешво инсонест дорои камоли ахлоқию маънавӣ ва одобу рафтори писандида. Зеро танҳо чунин шахсе метавонад бо аъмолу атвор некуи худ барои афроди ҷомеа сармашқу намунаи ибрат ва мазҳари пайравӣ гардад ва бо нури андешаю ҳикмати хеш масири ҷомеаро ба сўи ҳадафҳои нек равшан намояд.
Пешво ҳамеша вазифаю масъулиятҳоеро бар уҳда мегирад, ки ҳеҷ каси дигаре ҷуръати анҷоми онҳоро надорад.
Пешво аз вижагиҳое, чун шуҷоат, ростию дурустию ва тамоил ба азхудгузаштагӣ баҳраманд аст.
Дар ҳоле, ки роҳбари сиёсӣ ҷомеаро идора мекунад, пешво онро ҳидоят менамояд. Пешво, ки аз вожаи тоҷикӣ буда, маънои пешрав, раҳнамо ва ҳидоятгаррро дорад, на танҳо ҷомеаро ба роҳи расидан ба ҳадафу ормонҳои олӣ роҳнамоӣ мекунад, балки ҳамчунин худи ў ҳамеша ва дар ҳама кор дар пеш қадам мезанад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё