МАКТАБИ СИЁСИЮ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ– ЧАРОҒИ РОҲИ РУШДУ ТАРАҚҚӢ

Бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 29 саҳифа
Номаш дар маҳфилҳои бузурги сиёсии ҷаҳон ошно ва корномааш намунаи ибрат барои сиёсатмадорони даврон гардид.
Тасмими Эмомалӣ Раҳмон барои ба ӯҳда гирифтани роҳбарӣ бар кишвар шитобомезу фаврӣ набуд ва пас аз борҳо санҷидан дар тарозуи худбоварӣ гирифта шуд. Он замон ў дар як паллаи тарозуи андеша истеъдодҳою тавоноиҳои худ ва дар паллаи дигари он сарнавишти миллат ва давлатро қарор дод. Бо таваҷҷуҳ ба шахсияти комили Эмомалӣ Раҳмон бо итминон метавон гуфт, ки агар ў дар он ҳангом нисбат ба неруҳои фитрӣ ва эҳсоси масъулиятпазирии худ кўчактарин шакку тардид пайдо мекард, ҳаргиз розӣ намешуд чунин рисолати бузург ва вазифаи таърихиро бар дўш гирад.
Ба мақоми сарвари кишвар – ва он ҳам кишвари ҷангзадаву ошуфтаю вайрон – боло шудани сиёсатмадори бетаҷрибаю ҷавон на танҳо дар таърихи давлатдории мо, балки дар сиёсати ҷаҳонӣ рўйдоди беназир аст. Ва низ нодиру беназир ин аст, ки ин давлатмарди навқадам тавонист дар рўи харобаҳои кишвари гирифтори ҷанг давлатдории навинеро поягузорӣ намояд ва онро ба сарзамини сулҳу салоҳ табдил диҳад.
Ин ҳама дастовардҳо ба ин сабаб имконпазир гаштанд, ки Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо ба вуҷуд овардани рӯҳияи иттиҳоду пайвастагии давлат ва миллат нақшу рисолати як пешвои воқеии миллиро ифо намояд. Нақшу рисолате, ки беш аз ҳар чиз бо усули маънавию ахлоқӣ ҳамроҳ аст.
Маҳз ба далели пойбандии Эмомалӣ Раҳмон ба равишу усули маънавию ахлоқӣ дар идораи давлат ва бархӯрдориаш аз ахлоқи волои инсонию сиёсӣ мардуми кишвар ўро пешвои худ хонданд, – хеле пештар аз он рўзе, ки Парлумони кишвар ин ҳақиқати ба қалбҳои афроди миллат нишастаро ба расмият даровард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё