МАКТАБИ СИЁСИЮ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ– ЧАРОҒИ РОҲИ РУШДУ ТАРАҚҚӢ

Бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 29 саҳифа
Фазои тарсу ваҳшат дар кишвар, вайронии масканҳо, суқути иқтисодӣ, бекорӣ, беморӣ, бедодгарию қатлу ғорати силоҳбадастон, дуздӣ, гаравгонгирӣ, таҷовуз ба номуси занону духтарон... – ин аст тасвири номукаммале аз манзараи шуми даврони ҷанги шаҳрвандӣ.
Дар чунин лаҳзаҳои дардноки таърих, ки тарсу ваҳшат, яъсу ноумедӣ бар кишвар соя андохтаву дар торикии зулму ситами силоҳбадастону зўроварон равзанаи умеде ба зиндагии осудаву ором дида намешуд;
дар он рўзҳои мусибатбор, ғамангез ва сиёҳи таърихи навини Тоҷикистон, ки Ватани мо дар остонаи нобудию табоҳӣ қарор дошт ва оянда низ чизе ҷуз хуну ашку сияҳрўзию вайронӣ ба армуғон надошт;
дар он рўзҳое, ки ҳатто сиёсатмардоне, ки ба шуҷоату бебокӣ, ҷуръату ҷасорат дар ҷомеа маъруф буданд ва суханҳое аз озодиву истиқлол мезаданд, роҳи фирорро пеш гирифтаву дар маконҳои тинҷ нишаста, аз дур ба ҳоли зори мамлакат ва мардуми кишвар нигоҳ мекарданд;
дар он рўзҳое, ки зиндагии мардум дар гарави як тўда ҷинояткор буд ва дуздону қотилону одамрабоён худро ҳокиму соҳиби зиндагии ҷомеа медонистанд;
дар он рўзҳое, ки фазои кишвар оганда аз гиряю навҳаи модарони доғдидаи фарзандмурдаю занҳои бевамонда буд ва оҳу нолаи мардуми аз гарониҳо ва идомаи бетадбириҳо баҷономада ба осмон мерасид;
дар он рўзҳое, ки душманони бадхоҳи миллати тоҷик камтарин шубҳае дар пирўзию комёбии зархаридони худ дар ба даст овардани қудрати сиёсӣ дар Тоҷикистон надоштанд ва нақшаву барномаҳои ба гардани миллати тоҷик овехтани тавқи бандагию бардагиро мекашиданд, дар иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шӯрои Олии кишвар сиёсатмадори ҷавоне бо мардию мардонагӣ зимоми давлатдориро ба даст гирифт ва чунон пойдорию шуҷоату қаҳрамонӣ аз худ нишон дод, ки бо хомўш кардани оташи ҷанги даҳшатбори бародарӣ дар хоки муқаддаси Ватанаш шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё