МАКТАБИ СИЁСИЮ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ– ЧАРОҒИ РОҲИ РУШДУ ТАРАҚҚӢ

Бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 29 саҳифа
Ин ҷанг барои миллати мо мусибатҳои бешумор ва фоҷеаҳои бузурги инсониро ба бор овард. Дар кашмакашҳо ва задухӯрдҳои мусаллаҳона беш аз 150 ҳазор шаҳрванд кушта шудаву даҳҳо ҳазор нафари дигар маъюбу маҷруҳ гаштанд. Беш аз як миллион ҳамватанамон аз муҳити ваҳшатноки даргириҳо гурезон шуда, дар кишварҳои ҳамсоя рў ба саргардонию дарбадарӣ оварданд. Зиёда аз 25 ҳазор оила бе ноновару парастор монданд ва 55 ҳазор кўдак ятим шуданд. Садҳо гули сари сабади миллат, инсони фарҳехта –чеҳраҳои шинохтаи сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва адабӣ – ба хоку хун кашида шуданд.
Хисоратҳои сахти дигаре, ки ин рўйдоди нангин ба вуҷуд оварда буд, ин буд, ки аҳримани ҷанг риштаҳои ваҳдату иттиҳоди миллиро ба шиддат суст кард, мардуми кишварро ба ҳизбҳою созмонҳою гурӯҳҳои ба ҳам муқобил қисмат намуд; одамонро аз якдигар бимнок ва ба ҳамдигар бадгумон сохт, азму иродаи халқро фалаҷ гардонд.
Мардуми аз ҷангу бедодгариҳо басутӯҳомада танҳо аз давлат умеду интизори ҳимояту ҳифозат доштанд. Аммо давлати он рўзҳо, ки ба иллати надоштани як роҳбари қавию ботадбир дар муқобили фишори неруҳои қудратталаб корношояму фалаҷ шуда буд, на танҳо наметавонист аз миллионҳо шаҳрвандаш дифоъ намояд, балки қудрати онро надошт, ки амнияти намояндагони худашро таъмин созад: гаравгонгирию террори вакилони Парлумон, аъзои Ҳукумат ва дигар мансабдоронн давлатӣ дар он даврон кори маъмулӣ шуда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё