Зеҳн
МАКТАБИ СИЁСИЮ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ– ЧАРОҒИ РОҲИ РУШДУ ТАРАҚҚӢ

Бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 29 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аз азал ҳакиму пиру пешво дар назди тоҷикон аз мақому манзалати волое бархӯрдор буданд. Дар пеши аҷдоди мо, ки сиришти ахлоқию маънавиашонро пайравӣ аз се асли ҷовидонии пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек муайян мекардààñò, онҳое, ки ҳастиашонро сарфи ҳидояти дигарон намудаву одамҳоро ба ростӣ, адолат, инсондўстӣ, эҳтироми иззату шарофати насли башар раҳнамун месохтаанд, мақому ҷойгоҳи волое доштаанд.
Арҷгузории тоҷикон ба бузургони худ, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба омўзаҳои ахлоқию маънавии онҳост. Бесабаб нест, ки мо ҳангоми зикри номи бузургони адабиётамон аз сифатҳое, ба монанди «устод», «ҳаким», «шайх», истифода мекунем, ки ҳамагӣ маъноҳои пешвою муаллимро доранд.
Зикри ин нукта низ муҳим аст, ки осори бадеӣ – ҳамчун навъе аз ҳунар – танҳо дар забони мо «адабиёт», яъне адабнома, номида мешавад.
Ҳамон тавр, ки майли инсон ба амну адолат ва зиндагии саодатмандона хислати зотӣ ва фитрии инсон аст, ниёзи вай ба доштани як роҳбару раҳнамои неруманду солеҳу шоистаи ҷомеа низ амри табиӣ мебошад. Ин ниёз бамаротиб меафзояд, агар ҷомеа ва давлат дар маърази хатар қарор гиранд. Яъне чунин авзою аҳволе дар мамлакат ба вуҷуд ояд ва ҳамагон эҳсос кунанд, ки кишварашон рў ба нобудӣ меравад. Хости сарнавишт будааст, ки айни ҳамин ҳодиса дар Ватани мо дар солҳои 1990-ум пеш омад ва миллати тоҷик вориди сиёҳтарин ва талхтарин фасле аз таърихи хеш гардид.
Халқи куҳансоли тоҷик, ки дар чанд ҳазор соли зиндагии таърихиаш ҷангҳои харобиовари зиёдеро аз сар гузарондаву қатлу ғорати лашкари мақдунӣ, ҳуҷуми хунини арабҳо, ваҳшигариҳои урдуи Чингизхон, аз сарҳои бурида манорасозии Темурлангро дидаву дар ҷараёни ин ҷангҳо ҷони садҳо ҳазор азизашро қурбонӣ додааст, дар ҳеҷ замоне надида буд, ки тоҷик қасди ҷони тоҷик кунад, фарзандони як падару модар ба ҳамдигар душман шаванд, хонаҳои якдигарро вайрону валангор кунанд, Ватани худро ба коми оташ андозанд.

пешина
аз 29
навбатӣ