Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Дафъатан механдад Ситора.
– Худат мегуфтӣ, ки ҳоло бародарат пули бисёр дорад...
– Хайр?
– Агар ниҳоят зарур медонӣ, пас миён баста, ба шумо ягон мошин тӯҳфа кунад.
– Вай ресторан харидани.
– Ҳай-ҳай, давлаташ калон будааст!
– Аммо ҳимматаш хурд.
– Ин тавр бошад, ташвиши як паллаи хӯрҷини зиндагиро ба гардан гир, кор ёб. Баъд, ана, мебинӣ – Икром ҳам аз даромадаш кам-кам пасандоз мекунад. Худат мегуфтӣ, ки касбат – бухгалтери иқтисоддон, дипломи сурх...
– Ҳа-аъ, дипломи сурх дорам, – даст меафшонад Ситора. – Лекин осон нест дар ин замона кори нағз ёфтан. Як азоби алим.
– Барои чӣ? Дар ҳама ҷо бухгалтер лозим. Рӯзномаҳо саҳифа-саҳифа пури эълон...
– Рост, талабгор бисёр. Аммо маошатро пурсӣ, қариб миннат карда мегӯянд, ки чил сомонӣ, панҷоҳ сомонӣ, зиёдаш, сад сомонӣ... Ба ин маблағ кадом қаҷи кас рост мешавад?
– Ту худат чанд мехоҳӣ?
– Ақалан баробари дусад доллар бошад, ки дипломи сурхи одам ҳайф нашавад.
– Ман ин хел маошро ҳатто дар хоби шабам намебинам. Агарчи дар ихтисос муаллимаи дараҷаи олиам, ба дастам фақат шаст сомонӣ мерасад. Боз шукр мегӯям, ки аҳволамон беҳтар шудааст.
– Куҷояш беҳ? Гӯри торик... Хулоса, то дар ягон созмони байналхалқӣ кор наёбам, ба чил сомониву панҷоҳ сомонӣ қадрамро паст заданӣ нестам.

пешина
аз 93
навбатӣ